Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) шарҳи сеюм ва ниҳоии татбиқи Барномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи “Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат” (PCI) ба анҷом расонд. Анҷоми шарҳи мазкур гувоҳи иҷрои муваффақонаи Барнома, ки ба таъмини суботи макроиқтисодӣ, афзоиши устувории иқтисод ва татбиқи ислоҳоти сохторӣ равона гардидааст, мебошад.
Дар доираи Барнома мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мувофиқашударо дар самтҳои сиёсати фискалӣ, пулию қарзӣ ва молиявӣ пайгирона татбиқ намуданд. Дар ин маврид ба пешгирии болоравии сатҳи таваррум, таҳкими интизоми буҷетӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти молияи давлатӣ ва коҳиш додани осебпазирии бахши молиявӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
ХБА нишондиҳандаҳои устувори макроиқтисодӣ, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, беҳтар гардидани мавқеи беруна, нигоҳдории суботи нархҳо, инчунин, пешрафт дар татбиқи ислоҳоти сохториро мусбат арзёбӣ намуд. Сиёсати татбиқшуда ба таҳкими эътимод ба иқтисоди миллӣ ва афзоиши устувории он дар баробари таконҳои беруна мусоидат намуд.
Бо муваффақият анҷом гардидани Барномаи PCI ва натиҷаҳои бадастомада барои густариши ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор заминаи устувор фароҳам меоранд.
Боиси зикр аст, ки татбиқи муваффақонаи Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсат ҳамчун ишораи мусбат барои сармоягузорони байналмилалӣ, шарикони рушд ва агентиҳои рейтингӣ хизмат намуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”