Баргашт Чоп кардан

«ПОМИРКВАРССАМОСВЕТИ» ва талошҳои эҳёи иқтидори он

«ПОМИРКВАРССАМОСВЕТИ»

ва талошҳои эҳёи иқтидори он

Тоҷикистон, ҳамчун кишвари кӯҳсор, дорои захираҳои бойи табиӣ буда, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат ба шумор меравад. Истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди энергетика, сохтмон, нақлиёт ва саноати металлургӣ мусоидат намуда, содироти маҳсулоти маъданӣ ба манбаи муҳими рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст.

Дар таърихи саноати маъдани кишвар корхонаи бузурги саноатии ИҶШС – «Помиркварссамосвети» мақоми хосса дошт. Ин корхона, ки, асосан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият менамуд, яке аз калонтарин марказҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои қиматбаҳо, сангҳои ороишӣ ва кварс ба ҳисоб мерафт. Аз нигоҳи геологӣ ин минтақа аз бойтарин гӯшаҳои кишвар маҳсуб шуда, маҳз фаъолияти «Помиркварссамосвети» барои ташаккули саноати маъдани муосири Тоҷикистон заминаи устувор гузошт. Корхона дар давраи авҷи фаъолияташ корҳои густурдаи геологӣ, истихроҷи маъданҳои кварсӣ, коркарди сангҳои ороишӣ, омодасозии ашёи хом барои саноати электроника, оптика ва сохтмон, инчунин, истеҳсоли маҳсулоти ороиширо ба роҳ монда буд. Ҳамзамон, он дорои якчанд корхонаи зертобеъ гардида, беш аз 4 ҳазор нафар кормандону мутахассисони баландихтисосро бо ҷойи кор таъмин мекард. Ин ҳама нишондиҳандаи иқтидори бузурги саноатӣ ва илмию техникии корхона буд. Аммо бо тағйири ном ба ҶСК «Ҷамаст» ва мушкилоти иқтисодии минбаъда, иқтидори истеҳсолии корхона коҳиш ёфт. Бо вуҷуди ин, имрӯз ҶСК «Ҷамаст» дар марҳалаи нави рушди худ қарор дошта, директори корхона Хонҷон Талабов, ки таҷрибаи кофӣ дорад, барои эҳёи фаъолияти устувор ва барқарорсозии иқтидори пешинаи корхонаи номдори «Помиркварссамосвет» талош меварзад.

Ба гуфтаи Хонҷон Талабов, барои расидан ба ин ҳадаф таҷрибаи зарурӣ ва захираи илмӣ мавҷуд буда, айни замон тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкории иқтисодиву саноатӣ бо Ҷумҳурии Корея дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бунёди корхонаи нави саноатии истеҳсоли кремнийи хосияти офтобидоштаи «Green Life» меморандум ба тасвиб расидааст, ки далели равшани ҷиддияти ниятҳо дар самти рушди саноатии истеҳсоли кремний мебошад.

ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ – ПОЯИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТ

Тибқи арзёбиҳои геологӣ, дар Тоҷикистон захираҳои бузурги кварс ва дигар канданиҳои фоиданок мавҷуданд. Бойгонии нодири маълумоти геологӣ оид ба мавқеи ҷойгиршавии конҳо, ки ҳанӯз дар замони фаъолияти «Помиркварссамосвет» ҷамъоварӣ гардида буд, имрӯз дар ихтиёри ҶСК «Ҷамаст» қарор дорад. Ин бойгонӣ конҳои нодири сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, кристаллҳои табиӣ, агат, аметист, хрустали кӯҳӣ ва дигар навъҳои маъданро дар бар мегирад, ки сабаби асосии истихроҷ ва коркард нашудани онро кормандони корхона дар тамдид нагардидани иҷозатномаҳои корхона мебинанд. Дар чунин шароит истифодаи самараноки ин захираҳо дар истеҳсолот на танҳо имкони афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро фароҳам меорад, балки ба таъсиси ҷойҳои нави кор, рушди минтақаҳои кӯҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

КРЕМНИЙ – АШЁИ СТРАТЕГИИ САНОАТИ МУОСИР

Кремний яке аз унсурҳои муҳими саноатӣ ба ҳисоб рафта, дар сохтмон, металлургия, энергетика, саноати кимиё ва истеҳсоли панелҳои офтобӣ васеъ истифода мешавад. Дар Тоҷикистон агарчи истифодаи моддаҳои дорои кремний, аз қабили кварс, ба таври васеъ роҳандозӣ гардида, корҳои илмӣ анҷом дода шуда бошанд ҳам, вале истеҳсоли саноатии он ҳанӯз ба роҳ монда нашудааст.

Дар саноати металлургӣ кремний дар шакли ферросилитсий барои беҳтар кардани хосиятҳои металлҳо – сахтӣ, устуворӣ ва муқовимат ба зангзанӣ истифода мешавад. Айни замон, корхонаҳои алюминий ва дигар корхонаҳои металлургӣ ин маҳсулотро, асосан, аз хориҷи кишвар ворид менамоянд, ки вобастагии иқтисодиро ба вуҷуд меорад. Дар баробари ин, аҳамияти кремний дар рушди «энергетикаи сабз» рӯз ба рӯз меафзояд. Тоҷикистон дар як сол 285-300 рӯзи офтобӣ дорад ва дар кишвар иқтидори бузурги тавлиди неруи офтобӣ мавҷуд аст. Аллакай, дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ, бахусус дар ноҳияҳои дурдаст ва деҳотҷойҳо, панелҳои офтобӣ насб шуда, барои муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ манбаи муҳими неруи барқ гардидаанд. Аз ин рӯ, ҳоло ки талабот ба кремний зиёд мебошад, вақти он аст, ки корхонаҳои истеҳсоли кремний бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ бунёд карда шаванд. Барои ин дар ҷумҳурӣ захираи бузурги кремнийи аълосифат мавҷуд мебошад. Тибқи маълумот, дар ҳудуди кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар баландии 4800-5000 метр аз сатҳи баҳр, кони «Миёнадара» бо захираи бузурги кремний ҷойгир аст. Илова бар ин, конҳои «Далний» ва «Северний» дорои кремнийи баландсифат буда, барои истеҳсоли диодҳо, транзисторҳо ва дигар маҳсулоти электроникӣ мувофиқ мебошанд.

– Дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсоли панелҳои офтобӣ ҳанӯз аз соли 1965-ум заминаи бузурги илмӣ гузошта шудааст. Дар конҳои «Миёнадара», «Далний», «Северний» беш аз 70 миллион рубл сарф гардида буд. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ маблағгузории онҳо қатъ шуд ва ин конҳо аз фаъолият бозмонданд. Таҷрибаи корхонаи «Фанон», ки солҳои пеш бо истифода аз кремнийи ватанӣ телевизор, транзистор ва диодҳо истеҳсол мекард, далели имкониятҳои воқеии кишвар дар ин самт мебошад. Пешниҳод менамоям, ки бо тамдид гардидани иҷозатномаҳои ҶСК «Ҷамаст» ё таъсиси дигар корхонаи саноатӣ дар кишвар фаъолияти конҳои дар боло зикршуда ҷоннок карда шавад. Чунки дар омӯзиш ва истифодаи конҳои мазкур, аллакай, маблағи калон харҷ шудааст ва танҳо бо истифода аз маблағи андак метавонанд ба нафъи давлату миллат кор кунанд, – гуфт Хонҷон Талабов.

ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ МАЪДАН

Ҳанӯз аз соли 2011 корхонаҳои кони кварси «Чашмасанг» ва кони кварси «Такоб», ки ба ҶДММ «39-Параллел» вобаста карда шудааст, ба истихроҷу коркарди маъдан машғуланд. Ин ҷо ду пластинаи кремнийи сифати офтобидошта истеҳсол шуда буд, ки бо дарёфт нагардидани маблағгузор кори худро анҷом надода, мутаассифона, лоиҳаи мазкур нотамом боқӣ монд.

ҶСК «Ҷамаст», ки корхонаи зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ мебошад, қодир аст бо ҳамкорӣ ва истифода аз иқтидори бузурги илмии худ истихроҷ ва коркарди кремнийро ба роҳ монад. Барои ин, пеш аз ҳама, ҷалби сармояи дохилӣ ва дастгирии давлатӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Татбиқи чунин лоиҳаҳо нишондиҳандаҳои истеҳсолии саноати маъданро дар шароити саноатикунонии босуръати кишвар баланд бардошта, номгӯйи маҳсулоти маъданиро аз 17-то зиёд хоҳад кард. Дар ин бора Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид намуда, афзоиш додани бунёди корхонаҳои саноати маъданро муҳим арзёбӣ карданд. Ҳоло ки корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ дар вилояти Суғд ва Хатлон оғоз гардида, дар соли 2026 ба истифода дода мешаванд, дар он истифода аз кремнийи дар кишвар тавлидшуда афзалият дорад. ҶСК «Ҷамаст» барои анҷом додани ин корҳо ба дастгирии молиявӣ ниёз дорад, ки сармояи дохилӣ ба манфиати давлату миллат хоҳад буд. ҶСК «Ҷамаст» омодагии худро оид ба рушди саноат ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ дар мувофиқа бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иброз дошта, ба истеҳсолкунандагони ватанӣ барору комёбиҳо таманно дорад.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»