РӮШОН
Таҷрибаи муваффақи таълиму тарбия
Боиси ифтихор аст, ки Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон сездаҳ сол қабл бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, имрӯз ба яке аз муассисаҳои намунавии таълиму тарбия дар минтақа табдил ёфтааст. Аз рӯзҳои нахустини фаъолият то имрӯз, дар муассиса барои таҳсил, зиндагӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи хонандагон шароити муосир фароҳам аст.
Айни ҳол дар муассиса 24 омӯзгор, 12 мураббия ва 3 роҳбари маҳфилҳо фаъолият доранд. Аксари омӯзгорон дорои дараҷаҳои тахассусӣ мебошанд, ки аз сатҳи хуби иқтидори кадрии муассиса шаҳодат медиҳад. Таҷрибаи омӯзгорони пешқадам дар машғулиятҳои методӣ ва иттиҳодияҳои фаннӣ мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор мегирад.
Соли таҳсили ҷорӣ 133 хонанда ба таълим фаро гирифта шуданд, ки аз ноҳияҳои гуногуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошанд. Барои 85 тарбиятгиранда шароити мусоиди истиқомат дар хобгоҳ муҳайё гардидааст. Ин омил ба ташаккули муҳити солими иҷтимоӣ ва таълимии хонандагон мусоидат менамояд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Мактаб-интернат иштироки фаъолонаи хонандагон ва омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳои маърифатӣ, илмӣ ва фарҳангии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» дар сатҳи баланд ташкил шуданд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки хонандагони муассиса на танҳо ҷойҳои ифтихорӣ гирифтанд, балки ғолиб низ омаданд. Махсусан, дастоварди омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Ширинбекова Мавҷигул қобили зикр аст, ки дар даври вилоятии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби ҷойи аввал гардид. Ин гуна натиҷа самараи заҳмати дастаҷамъонаи омӯзгорону хонандагон аст.
Дар баробари дастовардҳои таълимӣ, муассиса ба рушди ҷисмонӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии хонандагон ҳам аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Иштироки бомуваффақият дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар», ки дар он дастаи Мактаб-интернат дар даври вилоятӣ мақоми аввал ва дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойи дуюмро ишғол намуд, далели равшани ин гуфтаҳост.
Дар маҷмуъ, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон имрӯз на танҳо муассисаи таълимӣ, балки мактаби воқеии тарбия, маърифат ва камолоти насли наврас ба шумор меравад. Ҳайати омӯзгорӣ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси баланди масъулият, ҷиҳати тарбияи ҷавонони соҳибдонишу соҳибкасб, ва худогоҳу ватандӯст фаъолияти худро пайваста тақвият мебахшад.
Арабгул МАҲБАТШОЗОДА,
директори МТД «Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ», ноҳияи Рӯшон