Миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо аз рӯзҳои нахустини расидан ба Истиқлоли давлатӣ на танҳо дар пайи эҳёи тозаи худ гардид, балки корҳои бузургеро дар самти худшиносии миллӣ, эҳёи маънавиёт, ваҳдати миллӣ, муқаддасоти миллӣ, ки сутунҳои асосии давлатдорӣ ҳастанд, пеш гирифта, дар роҳи созандагиву бунёдкориҳои нав қадамҳои устувор бардошт. Ин ҳама иқдомҳову ташаббусҳои миллати тоҷик, Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои ватандӯсти он натиҷаҳои муфиду неки худро дода истодаанд.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар қатори яке аз кишварҳои некбунёди ҷаҳони муосир як сиёсати неку башардӯстонаи худро пеш мебарад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Сиёсати “дарҳои боз”-и Тоҷикистон дӯстиву ҳамҷаворӣ бо халқҳои оламро фароҳам карда, маҳбубияти миллат ва сарзамини моро дар арсаи ҷаҳонӣ афзун сохтааст ва ин ҳама рӯзгори осоиштаву амният ҳосили ҳамин сиёсати башардӯстонаву хайрхоҳона аст. Хушбахтона, дар радифи ин ҳама созандагиҳо мо имрӯз як Артиши тавонои миллии худро дорем. Артиши дилпур, артиши аз ҳама ҷиҳат ҷиҳозон-дашуда ва омода, ки дар қатори дигар артишҳои кишварҳои тавонои сайёра борҳо дар машқҳои ҳарбӣ сарбаландона иштирок кардаву аз имтиҳонҳо гузаштааст, дорем.
Дар ҷаҳони пуртазодди муосир ҳеҷ миллату халқияте аз хатари таҷовузу зӯровариҳо барканор нест ва кафолати осоиштагиву амонии кишвару халқи мо низ, танҳо худи мо метавонем бошем. Чуноне ки Пешвои миллат борҳову борҳо таъкид доштаанд: "Ҳеҷ каси дигар наметавонад пуштибони мо бошад, агар худамон набошем ва ҳаргиз бояд ба умеди дигарон нагардида домани шарафу номуси миллати худро қавитар бидорем. Танҳо ягонагӣ, ваҳдати миллӣ ва сар баровардан аз як гиребон метавонад кафили пойдории халқу кишвари мо бошад, албатта дар радифи Артиши тавонову руҳбаланди миллӣ бо руҳияи қавии ватандӯстона".
Вақте ки сухан аз ватандорӣ меравад, худ аз худ дар қатори истилоҳи ватандорӣ вожаҳои далерӣ, шуҷоат ва ҷавонмардӣ ба забон меоянд, зеро мазҳ ҳамин мафҳумҳо, тарбият дар ҳамин рӯҳия метавонанд кафолати пирӯзиҳои мо дар ҷодаи ватандорӣ бошанд. Бисёр рамзнок аст, ки имсол таҷлили Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ, ки мардуми мо онро ҳамасола қайд мекунанду саҳми халқи мо, падарони мо дар ин ғалабаи оламшумул бузург аст, ба ин рӯзҳои даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ барои ҳимояи Ватан рост омадааст. Ин рамзнок аст, зеро вақте сухан аз дифои Ватан, аз ҳимояи марзу буми кишвар меравад, мо бояд бо як нангу номи шаҳрвандӣ ва инсонӣ сабақи додаи падарон ва суннати ватандории онҳоро фаромӯш накунему ба он арҷ гузорем ва нишон диҳем, ки фарзандони содиқу сазовори ҳам Ватан ва ҳам падарони худ ҳастем, ки намунаи баланди ватандорӣ нишон додаанд. Ва ин дарси падарон, ин мактаби шуҷоату ҷавонмардӣ ҳамеша бояд дар ҳофизаи мо ва раҳнамои мо бошад.
Мо, миллати мо ифтихор мекунем, ки халқи тоҷик тавассути фарзандони шуҷоу ҷавонмарду наҷибаш саҳми бузурги худро дар пирӯзии Рӯзи Ғалаба бар фашизм, ки дунёро аз ин марази одамкуш раҳо дод, гузоштааст. Дар хусуси корнамоиҳои ҷавонмардони тоҷик дар ҳифзи Ватан, дар майдонҳои ин ҷанги хонумонсӯз, Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ далелҳои зиёде дар саҳифаҳои таърих сабт гардидаву аз хусуси ҷоннисориҳои ҷавонмардонаи онон саҳифаҳои таърих гувоҳанд. Ҳазорон нафар ҳамватанони мо дар ҳимояи Ватан ҷони худро нисор намуданд, ҳазорони дигар бо медалу ордену ҷоизаҳои баланд барои далерӣ шарафёб шуданд. Оё ин далелҳо боиси сарфарозиву ифтихори мо фарзандон нестанд!?
Мо аминем, ки ҷавонписарони шуҷоу ватандӯсти мо, фарзандони шоистаи миллати некноми худ ҳастанд ва, аллакай, собит кардаанд, ки имрӯз барои дифои муқаддаси марзу буми кишвари соҳибистиқлоли худ ҷоннисорона омодаанд. Ва якдилона имрӯзҳо дар арафаи даъвати баҳорӣ дар майдонҳои комиссариати ҳарбӣ ҳозир омадани онҳо дар гӯшаҳои мухталифи кишварамон далели ин аст.
Дар хусуси он ки хидмат ба Ватан, ба ҷуз аз он ки қарзи фарзандӣ, шарафу номуси ҳар як ҷавон аст, ҳаминро мехоҳам таъкид кунам , ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ боз ин як мактаби бисёр даркориву муфидест барои ҳар як ҷавон. Мактабе ,ки баъд аз хатми он ҳар ҷавон худро солиму ҷавонмард, соҳибиродаву чолоку омода ба ҳама ҳаводиси рӯзгор эҳсос мекунад, мактабе, ки наҷибтарин хислатҳоро дар фарзандони мо тарбият мекунад ва ин хислатҳо иборатанд аз далерӣ, шуҷоат ва ҷавонмардӣ, мактабе ки тақвият на фақат ба пайкару ҷисм, балки ба руҳия ва нангу номуси ватандорӣ мебахшад. Ва ин суханҳоро барои он бо дили пур мегӯям, ки банда дар замони худ дар сафи Артиши шуравӣ ба сифати сарбоз хидмат карда будам ва медонам, ки ҳар ҷавон пас аз хотимаи хидмат дилпуртару тавонотару мустаҳкамтару солимтар дар ҷодаҳои ҳастӣ қадам мегузорад ва аз ҳама муҳим соҳиби ирода ва руҳияи қавии инсонӣ мегардад.
Хулоса, хидмати ҳарбӣ он мактабест, ки ҳар ҷавоне, ки худ ва Ватанро дӯст медорад, ҳурмат мекунаду арҷ мегузорад, барои манфиати худ, барои манфиати Ватану хонаводаи худ бояд аз он гузарад. Баъдан, фармӯш накунем, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҷавонмардона бархостан аст барои ҳимояи модар ва Ватани худ ва амонии кишвари худ, ки бе он осоиштагӣ дар Ватан наметавонад вуҷуд дошта бошад.
Камол НАСРУЛЛО