Фаъол гардидани Портали хидматрасониҳои давлатӣ
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Портали хидматрасониҳои давлатиро дар ҳолати озмоишӣ ба кор андохт.
Тибқи хулосаи таҳиягарон, Портали мазкур муҳлати коркарди дархостҳоро коҳиш дода, шаффофияти ин равандро баланд мебардорад. Ҳамчунин, дастрасии шаҳрвандон ба як қатор хидматрасониҳои давлатӣ ба таври шабонарӯзӣ ва бидуни ташрифи бевоситаи шахсӣ ба муассисаҳо таъмин мегардад.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Агентӣ иттилоъ доданд.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ