ИНСОНСОЛОРӢ дар меҳвари Паёми Пешво
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" дар соли 2025 дар руҳияи баланди масъулиятшиносӣ, ифтихор аз Ватану ватандорон, неруи баланди созандагӣ, шинохти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, гиромидошти оини ниёгон ва таҳкими худшиносиву ҳувияти миллӣ ироа гардид.
Дар Паём неруи инсонӣ ва тарбияву камолоти он аз нуктаи нисбатан муҳим маҳсуб меёбад, зеро рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани фарҳангу маънавиёт ва беҳбуди зиндагиву некуаҳволии мардум аз ҳар ҷиҳат ба сатҳу сифат ва имконоти неруи инсонӣ вобаста аст. Дар шароити муосир, ки вазъ ва ҳолати сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву техникӣ, аз як тараф, мураккаб ва печутоб гардида, аз ҷониби дигар, имконоти муфид ва самароварро ба вуҷуд овардааст, аҳамияти нақш, мавқеъ ва таъсири неруҳои инсонӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон боз ҳам муҳимтар мегардад.
Ба ин мазмун, Пешвои миллат дар ироаи Паём дуруст таъкид намуданд: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад”.
Ин бардошт аз фазои холӣ рӯ назадааст, балки ифодагари набзи замон аст.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”.
Ҳукумати мамлакат барои тарбияи чунин насл, тадриҷан, тамоми шароит ва имконоти моддиву маънавиро фароҳам меорад. Дар фароҳам сохтани имконот омилҳои ҳувиятсоз мадди назар шуда наметавонанд. Дар ин самт вижаи дигари ҳувиятсозии Паём – бедор намудани хотираи таърихӣ, устуворӣ ва тақвияти решапайвандӣ таваҷҷуҳи моро ҷалб мекунад. Донистани оини гузаштагони худ, оқилонаву хирадмандона пайванд додани анъанаҳои неки онҳо ба зиндагии имрӯз ва дар пайванду омезиши оинҳои неки дирӯзу имрӯз муайян кардани уфуқҳои ояндаи миллат моҳият ва ҳикмати худогоҳиву худшиносӣ аст.
Дар ин самт иқдомҳои Ҳукумати мамлакат, бавижа Роҳбари давлат, беназир ва ҳувиятсоз аст. Эҳёи ҷашнҳои миллии Наврӯзу Меҳргон, Садаву Тиргон, таҷлили солгарди мавлуди аҳли илму адаб, фарҳангу санъат дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, чоп ва тақсими ройгони китоби муқаддаси Қуръон, “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани намояндагони бузурги миллати тоҷик ва амсоли ин намунае аз корҳои хайр ва шоистае мебошанд, ки дар шинохти мероси таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик нақши муҳим гузоштаву мегузоранд.
Дар партави иқдомҳои фарҳангсолорона, дар Паёми навбатӣ ду масъалаи муҳими ҳувиятсоз: дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз ба миён гузошта шуд.
Бунёди чунин марказҳо на танҳо барои омӯзиши пурвусъати хотираи таърихи миллат, ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он заминаи боэътимоди илмиву фарҳангӣ ба вуҷуд меорад, балки барои тарбияи наслҳои оянда дар руҳияи худшиносиву ҳувиятхоҳӣ фазои боз ҳам мусоид фароҳам хоҳад овард. Тамаддуни тоҷикон дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадааст, он таърихи куҳан ва пурғановат дорад. Арзиши баланди ин тамаддун адолатпарвариву инсондӯстист. Дар тамоми давраҳо – чи дар давраи тоислом ва чи баъд аз ислом – меҳвари инсонии онро пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек ташкил медиҳад. Ин ҳикмат дар замони мо арзиши баландтарро касб намудааст, зеро яке аз аломатҳои садоқатмандӣ ба касбу кор, Ватан, ҳамоҳангии гуфтану пиндоштан ва амал кардан аст. Чун дилу ният пок аст, иҷрои ҳар гуна кор саҳл асту пурсамар.
Паём бо руҳияи баланди инсонсолорӣ ироа гардид. Ҳар нуктаи он аз меҳри диёр, ифтихори ватандорӣ, неруи ваҳдатофариву созандагӣ ва ормони миллӣ саршор аст. Таъиноти хулосавии Паём вусъати корҳои ободониву созандагӣ, тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ шуд. Сарвари давлат бо садоқатмандии хос ва руҳияи баланди ҳувиятсоз ба халқи бунёдкору созандаи кишвар муроҷиат карда, афзуданд: “Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардондани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем”.
Ин суханони ҳикматангез ва ормонии Сарвари давлат моро водор месозанд, ки бо фаъолияти бунёдкоронаи худ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳми бештар гирем.
Мурод МУРОДӢ,
профессори ДМТ