Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – пуштибони соҳибкорон

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – пуштибони соҳибкорон

Имсол Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба заҳмати соҳибкорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои анҷоми корҳои созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар масири рушди мамлакат ба онҳо самимона изҳори сипос карданд, ки нишони возеҳи хирадмандию қадршиносист. Ба ғайр аз ин, ҳар як иқдоме, ки аз ҷониби соҳибкорон дар самти истеҳсолот ва бунёдкорӣ пеш гирифта мешавад, аз назари неки Сарвари давлат дур намемонад.

Ин шаҳодати он аст, ки рушди бахши хусусӣ тавассути ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки мо ҳамасола шоҳиди ғамхорию қадршиносиҳо дар ин ҷода мебошем. Ҳамвора соҳибкорон дар баробари имтиёзҳои қонунӣ, ҳамзамон, мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ қарор мегиранд ва аз ғамхорию пуштибонии давлат баҳраманд мегарданд. Ҳамин аст, ки соҳибкорон дар ободию пешрафти Ватан бо пайравӣ аз роҳнамоиҳои Роҳбари мамлакат саҳм мегузоранд. Яъне, онҳоро, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи неки Пешвои миллат ба иқдомҳои созанда дилгарм месозад.

Тавре зимни ироаи Паёми навбатӣ Президенти мамлакат зикр карданд, аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифташуда, то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудааст, ки беш аз 70 дарсадаш аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бо талош ва дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол муколамаи давлат ва бахши хусусӣ таҳким меёбад.

Маҳз дар симои Пешвои миллат дидани такягоҳ ва пуштибон соҳибкоронро мутмаин сохтааст, ки дар тавсеаи фаъолияти худ беш аз пеш саъй кунанд. Ҳоло соҳибкорон ба ғайр аз анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ дар равнақи истеҳсолоти маҳсулоти ватании рақобатпазир ва воридотиивазкунанда ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаанд. Ҳамчунин, шумораи онҳо давоми солҳои охир афзудааст. Айни ҳол аз 28 нафари аҳолии мамлакат 1 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст, яъне қариб 3,6 дарсади аҳолиро соҳибкорон ташкил медиҳанд.

Ҳоло ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат 61 дарсад, истеҳсоли молҳо 80, таъмини аҳолӣ бо шуғл 70 ва ташаккули даромади буҷети мамлакат 77,8 дарсадро ташкил медиҳад ва он ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар эътироф гардидааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми октябри соли 2022, №469 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хидматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, №555 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воҳиди нави сохторӣ – шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хидматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон таъсис ёфт. Ташкили мақоми Ваколатдор барои ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон дар кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аҳамияти басо муҳим дорад. Ин боз як иқдоми нек ва ғамхории Сарвари давлат нисбат ба соҳибкорон маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат солҳои 2008, 2011, 2018, 2022 ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мораторий эълон карда шуд. Дар идомаи чунин дастгириҳои назаррас аз 10-уми январи соли 2025 низ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №915 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба тасвиб расид, ки ин яке аз дастгириҳои муҳимтарину таконбахши фаъолияти соҳибкорон мебошад.

Пешвои миллат дар Паём зикр карданд, ки давоми даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 143 миллиард сомониро ташкил додааст, вале ҳамагӣ 38 дарсади он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ин ҳанӯз кофӣ нест. Аз ин рӯ, Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзиро супориш доданд, ки ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд кардани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Бовар аст, ки соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ имкониятҳои табиӣ, имтиёзу сабукиҳои андозиву қонунгузориро самаранок истифода бурда, барои таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, фароҳамсозии ҷойҳои нави кор, воридоти техникаю технологияҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти ватании рақобатпазир талоши бештар меварзанд. Ҷавобан ба ғамхориҳои ҳамешагӣ ва миннатдории самимонаи Пешвои миллат зиёдтар ташаббусҳои ватандӯстонаву садоқатмандона пеш мегиранд.

Некрӯй ЗАБИРЗОДА,

сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хидматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси фахрии Шурои иттифоқи соҳибкорони Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод