НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ
Идомаи корҳои ободонӣ
Бо илҳом аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ноҳия бунёдкорӣ ва мумфаршкунии роҳҳо бомаром идома доранд. Ин иқдомҳо ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ равона гардида, дар рушду пешрафти кишвар саҳми арзанда доранд.
Дар ин робита, бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳия, дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод корҳои навбатии мумфаршкунии роҳҳо ҷараён доранд. Дар деҳаи Қӯрғончаи деҳоти Ҳаёти Нав 10 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №8 ба истифода дода шуд. Ифтитоҳи иншооти таълимӣ, ки ҷавобгӯ ба талаботи муосири соҳаи маориф мебошад, қадами муҳиме дар роҳи густариши имкониятҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши насли наврас ба ҳисоб меравад. Мақомоти маҳаллӣ, сокинон ва соҳибкорони ноҳия талош доранд, ки бо истифода аз дастуру роҳнамоии Пешвои миллат корҳои ободониро ба сатҳи сифатан нав расонанд.
Ноҳия имрӯз симои худро тағйир дода, ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ бо дастовардҳои арзанда омода мешавад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”