Баргашт Чоп кардан

«РОҒУН» – ШОҲНОМАИ НУР

«РОҒУН» – ШОҲНОМАИ НУР 

1.Ҷойи баҳс нест, ки неруи барқ аз олитарин ихтироот дар таърихи инсоният аст. Он ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мо ворид аст, моро гарму рӯшан мекунад, мехӯронаду мепӯшонад. Бе барқ на танҳо манзили мо, балки дили мо ҳам торик мешавад. Он як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҳарсоатаи мост. То ҳанӯз дар олам чизе муҳимтар ва олитар аз неруи барқ кашф нагаштааст. Аз ин рӯ, вазифаи асосии ҷомеаи муосир таъмини эътимоднокӣ ва дастрасии неруи барқ барои ҳамаи одамон мебошад. Инро ҳар шахс эҳсос мекунад.

Ман тули беш аз бисту панҷ сол бо соҳаи энергетика сарукор дорам ва аз тамоми тадбиру талошҳо дар ин соҳа огоҳам, медонам, ки таъмини нуру рӯшноӣ чи проблемаву чи душвориҳо дорад ва бо дастгирии Пешвои миллат дар солҳои истиқлолияти давлатӣ баҳри ҳалли онҳо чи корҳо кардаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини Сардори давлат интихоб шуданашон, ба вазъи истеҳсолӣ ва техникии системаи энергетикии кишвар диққати ҷиддӣ медоданд. Аввалин ва муҳимтарин тадбир таҷдиди низоми энергетикии кишвар буд. Дар ин мавзуъ, Пешвои миллат дар Паёми имсола қайд карданд: «Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ карда шуд. Агар мо ин корро намекардем, шояд, имрӯз умуман бе барқ мемондем».

Ин сад дарсад дуруст аст. Мисол меорем Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро, ки яке аз олитарин тахайюли инженерӣ-энергетикии даврони шуравӣ ва бузургтарин иншооти истеҳсолии гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад… Аксари таҷҳизотҳои асосии ин Неругоҳ тули солҳои зиёди кори муттасил ба куҳнаву фарсудашавӣ оғоз намуда, аллакай, то солҳои ибтидои истиқлолият муҳлати кафолати техникии Неругоҳ қариб, ки ба охир расида буд. Силсилаи неругоҳҳои барқи обии Варзобу Вахш бошад, боз ҳам барвақттар, охири солҳои 30-юм ва аввали солҳои 50-уми асри гузашта ба кор дароварда шудаанд, ки боз ҳам куҳнаву фарсудатар гардида буданд. Иқтидори лоиҳавии НБО «Норак» 3000 мегаваттро ташкил медиҳад, вале аз куҳнаву фарсуда шудан солҳои охир бо иқтидори 2600 мегаватт кор мекард. Бар замми ин, эътимоднокии кори он пурра таъмин набуд. Роҳбарият ва мутахассисони он бо дили ларзон кор мекарданд. Маҳз бо талоши Сарвари давлат, бо ҷалби бонкҳои байналмилалӣ ва пешрафтатарин ширкатҳои дастгоҳсози барқии аврупоӣ лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» ва таъмини бехатарии сарбанди он» амалӣ гардид.

Баъди татбиқи пурраи лоиҳа, иқтидори лоиҳавии Неругоҳ аз 3000 акнун ба 3375 мегаватт расонда шуда, бо дарназардошти тавоноии барқароршаванда ва 375 мегаватт иқтидори иловагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори кории Неругоҳ 775 мегаватт зиёд мешавад.

Неругоҳи барқи обии «Варзоб-1» нахустин Неругоҳи кишвари мо буда, охири соли 1936 ба кор оғоз намудааст. Он чун музей дар ҳавои кушод, манзараи даромадгоҳи дараи Варзобро хеле нозанин кардааст. Дар давраи истиқлолият ин Неругоҳ низ таҷдид гардид. Иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Варзоб-1» 7440 кВт буд. Баъди таҷдид, иқтидори он ба 9500 кВт расид.

Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Бар-қарорсозии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” иқтидори лоиҳавии Неругоҳ аз 240 МВт-и лоиҳавӣ ва ба 270 МВт бардошта шуда, эътимоднокии он баланд гардид. Амалишавии лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»» бошад, иқтидори лоиҳавии Неругоҳро аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт мерасонад. Бо таҷдиди ин ду Неругоҳ кишвари мо соҳиби боз 160 мегаватт иқтидори иловагӣ мегардад.

Натиҷаи обрӯи баланди сиёсӣ ва дипломатияи фитрии Сарвари давлати мо буд, ки солҳои истиқлолият бо ҳамкорӣ ва иштироки Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670 мегаватт) ва «Сангтӯда-2» (220 мегаватт) ба истифода дода шуданд.

2. Бо вуҷуди ин ҳама, «Роғун» дигар аст! Вобаста ба шароит ва имкониятҳое, ки аз ҷиҳати геополитикӣ ва захираҳои моддӣ, махсусан захираҳои обӣ-энергетикӣ, мо дорем, ояндаи Тоҷикистонро бе бунёди НБО «Роғун» наметавон тасаввур намуд. Вобаста ба талаботи рӯзафзун бо барқ, ба хотири ободиву рушди кишвар, барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини Тоҷикистон бунёди «Роғун» амалест, дарвоқеъ, ногузир. Ва Пешвои миллат, ки ҳамеша дар нияти ободии ин диёр ва беҳбудии зиндагии мардум аст, инро бахубӣ дарк намуда, чун идомаи ҷонфидоиҳояшон барои миллат бобати бунёди «Роғун» ҷиддиву самимӣ тасмим гирифтанд.

Тавре дар боло ишора рафт, дар давраи истиқлолияти давлатӣ мо неругоҳҳои нав, маркази барқу гармидиҳӣ, садҳо неругоҳҳои хурд бунёд намудем, иқтидорҳои энергетикии мавҷударо таҷдиду навсозӣ карда, онҳоро боқудрат ва боэътимод намудем. Бо вуҷуди ин, бо сабаби ҳар сол зиёд шудани талабот ба барқ, ки ин ҳам нишонаи некуаҳволии мардум аст, мо дар фасли зимистон аз он ҳанӯз ҳам танқисӣ мекашем. Ҷойи пинҳон кардан нест: ин танқисӣ чанд муддат идома хоҳад ёфт. Асосаш барои он, ки мо захираи мукаммали зимистонаи обӣ-энергетикӣ надорем. Агар мо обанбори аз обанбори Норак бузургтар медоштем, яъне агар захираи обамон басандагӣ мекард, шояд, бо ҳамин иқтидорҳои мавҷуда аз барқ танқисӣ намекашидем.

Обанбори "Роғун" обанбори таъиноти бисёрсола хоҳад буд, он таъмини барқ ва проблемаҳои ирригатсияро дар тамоми минтақа ба танзим хоҳад овард. Аниқ шудааст, ки манфиати «Роғун»-и мо ба тамоми минтақа мерасад.

Ёд дорам, ҳанӯз дар Конфронси дувум оид ба фурӯши неруи барқ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки моҳи октябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, Пешвои миллат қайд карданд: «Мо тасмим гирифтаем аз соли 2007 сохтмони ин Неругоҳи «Роғун»-ро бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ шуруъ намоем ва вусъат бахшем».

Ин як гапи одӣ набуд, балки масъулияти хеле бузурге ба шумор мерафт, ки Сарвари давлат ба уҳдаи худ гирифтанд. Он вақт дар зеҳну тафаккури худ андоза намуда, ба ин бисёриҳо бовар накарданд. Шахсан шунида будам, ки ҳатто мутахассисони баландпоя мегуфтанд:

– Иттиҳоди Шуравӣ бо ҷалби зиёда аз 400 корхонаи азим, таҷриба ва имконоти бузурги худ аз уҳдаи ин кор то ба охир набаромаду Тоҷикистон ният дорад, ки ин иншооти мураккаб ва гаронарзишро худаш созад!? Ин афсона аст!..

Вале имрӯз афсона ба ҳақиқат, ба ҳақиқати ширину гуворо табдил ёфтааст. Оқибат, «Роғун» бино ёфт, ду агрегати он, аллакай, ба кор сар кард ва барои иқтисодиёти милливу аҳолии кишвар неруи барқ истеҳсол намуда истодааст. Ҳарчанд обанбори Неругоҳ ҳанӯз то ба охир бунёд наёфтааст ва бо фишори пасти об неруи барқ истеҳсол мекунад, то ин дам дар ин «кохи нур», аллакай, зиёда аз 7,3 миллиард киловатт-соат барқ истеҳсол шудааст. Агар дар як шабонарӯз дар кишвари мо то 45-50 миллион киловатт-соат барқ истеҳсол гардад, то 5-5,5 миллион киловатт-соати он ҳиссаи НБО «Роғун» аст. Маблағи барқи дар НБО «Роғун» истеҳсолшуда барои идомаи бунёди Неругоҳ сарф мегардад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки НБО «Роғун» ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат ворид шудааст. Бояд гуфт, ки дар ҷодаи бунёди «Роғун» инак, ними роҳ тай шуд. Давоми роҳ ҳам, албатта, одиву осон нест. Вале иҷрошаванда аст. Ин ҳама, аллакай, нишонаи амалӣ гардидани сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Имрӯз дар кишвари мо хурду бузург номи «Роғун»-ро медонанд, ин номро бо муҳаббат ба забон меоранд ва ҳама вақте «Роғун» мегӯем, худ аз худ симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешавад.

«Роғун»-ро ба мо Худо додааст. Дар қатори он имкониятҳо ва захираҳои энергетикие, ки кишвари мо дорад, яке аз бузургтарин ва муҳимтаринаш, албатта, «Роғун» аст. Ин Президентро низ ба мо Худо додааст, ки бо идроки фитрии худ ба қадри ин захираҳо мерасанд ва «Роғун»-ро месозанд. Бо ин ду додаи Худо моро хушбахтиҳо дар пеш аст!

3. 16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқуъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ агрегати якуми НБО «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.

Бо гузашти муҳлати камтар аз як сол, яъне 9-уми сентябр, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин гуна тантана агрегати дуюми НБО «Роғун» ба кор дароварда шуд, акнун ҳиссаи нури «Роғун» дар хонадони мо ва иштироки «Роғун» дар пешрафти иқтисоди миллӣ бештар гардид. Ба масал, баробари ба кор даровардани агрегатҳои НБО «Роғун», решаи орзуву ормони мо зиёдтар об мехӯрад.

Имрӯз корнамоии миллати тоҷик, ки меҳри Пешво дар дили он ҳар рӯз меафзояд, идома дорад. Ҳанӯз ҳам барои кишвари мо ва барои Пешвои мо «Роғун» дар мадди аввали назар аст. Тавре дар охирин арзёбии баҳои экологӣ ва иҷтимоии НБО «Роғун» зикр гардидааст, интизор меравад, ки охирин агрегати Неругоҳ соли 2029 ба истифода дода хоҳад шуд. Дар ин сол, инчунин, бунёди обанбори он низ пурра ба анҷом мерасад ва соли 2036 то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур мегардад. Баъди ин, аз рӯйи ҳисоби мутахассисон, ин шаҳомати энергетикӣ тули 115 сол ба миллати тоҷик ва тамоми минтақа хидмат хоҳад кард.

…Вақте НБО «Роғун» пурра ба кор медарояд, вақте иқтидори энергетикии кишвари мо нисбат ба имрӯза қариб ду баробар афзоиш меёбад, вақте Тоҷикистон нурборон мешавад, дигар дар ягон гӯшаи дили мо ва дар ягон гӯшаи кишвари мо аз торикӣ асаре намемонад. Баъди ин, албатта, аз муҳити мо охирин қувваҳои нопок, охирин «деву иблис»-ҳо низ пурра фирор менамоянд.

«Роғун» ваҳдати моро боз ҳам бештар тақвият хоҳад бахшид, меҳри моро ба Пешвоямон афзунтар хоҳад сохт!

Нозир ЁДГОРӢ, нависанда