ПОРА
директори корхонаро ба курсии айбдорӣ шинонд
Директори Корхонаи давлатии фаръии обу корези шаҳри Истаравшан Алӣ Алиев ҳангоми гирифтани 50000 сомонӣ аз як шаҳрванд дар дафтари кориаш ба даст афтодааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номбурда зимни фаъолияти кориаш дар ин мақом бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои ҳамчун намояндаи фармоишгар қабул намудани корҳои насбкунии обченкунакҳо ва таҷҳизоти пайвасткунӣ дар шаҳри Истаравшан 14000 доллари ИМА гирифтааст. Директори корхона илова ба ин маблағ боз 50000 сомонии дигар талаб намуда, ҳангоми гирифтани маблағ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Дар робита ба ин, нисбат ба Алӣ Алиев бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.
ҒОРАТГАРӢ
Ҷиноят ошкор ва муштзӯрон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор гардидани ҷинояте дар шаҳри Турсунзода хабар дод, ки ду нафар дар содир намудани он айбдор мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷавони 21-сола ва “Муҳаммад” ном шахс, ки сокинони ҳамин шаҳр мебошанд, 13 ноябри соли 2022 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода марди 32-солаи сокини ҳамин шаҳрро мавриди латукӯб қарор дода, бо роҳи ошкоро телефони мобилӣ, шиносномаи миллӣ ва 300 сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»