Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дастуру раҳнамоест барои фаъолияти пурсамар намудан, шинохту гирифтани мавқеи дуруст, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, беҳтару бештар арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ.
Нахустин ҷумлаи Паёми навбатӣ (23 декабри соли 2022) чунин аст: «Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмуъ, соли бобарор буд». Албатта, ин ҳақиқатро ҳар нафари солимфикр ва дӯстдори Ватан тасдиқ менамояд ва дар баробари он, ифтихор низ месозад. Осон набуд бобарор гардондани ин сол, хосса дар давроне, қариб дар тамоми гӯшаҳо ҷанг буд ва ҳам андешаи ҷангу таҳримҳои махсуси иқтисодиву тиҷоративу сиёсӣ. Бар замми ин, ривоҷи бемориҳои сироятӣ, ки назираш пештарҳо мавҷуд набуд. Дар ин маврид бори дигар бовар ҳосил мекунем, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳоро барои амният, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум сари вақт меандешанд.
Тавре Пешвои миллат дар Паём иброз доштанд: «Аз ҷумла, соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардондани фазои сармоягузории соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид».
Ҳамин тавр, дар Паём қариб ҳамаи соҳаҳо мавриди таҳлили амиқ қарор дода шудааст ва, ҳамзамон, таъкид мешавад, ки барои инкишофашон чи корҳоеро дар оянда бояд ба анҷом бирасонанд.
Муҳимтар аз ҳама, ин дастовардҳо бо дастовардҳои солҳои пешин муқоиса ва таҳлил мешаванд.
Маврид ба ифтихори махсус аст, ки «дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб яку ним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд».
Таваҷҷуҳи бештар намудан ба маорифи кишвар, бешак, ба он хотир мебошад, ки сатҳи дониши шаҳрвандони кишвар боло бардошта шавад, то ба пешрафтҳои бузург ноил бигардем.
Тавре аз Паём бармеояд, дар панҷ соли охир ба хотири рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Қабул ва иҷрои ду барнома дар соли гузашта: «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» , дар ҳақиқат, ба рушди иҷтимоӣ ва тарбияи ватандӯстиву таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат хоҳад кард. Қабули ин ду барнома бисёр муҳим буд ва он бори дигар аз ташаббускориву ояндабинии Сарвари давлатамон гувоҳӣ медиҳад.
Тавре дар Паём омадааст: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд».
Бо таъкиди Пешвои миллат мо - кормандони мақомоти прокуратура низ вазифадорем, фаъолиятамонро барои ошкор сохтан ва пешгирии хавфу хатарҳои террористӣ вусъату тақвият бахшем. Ҷавононро бояд бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ба самти ҳимоя ва ободсозии Ватани маҳбубамон равона созем. Дар ин замина бо пешниҳоду дастури Сардори давлат таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ зарур аст.
Воқеан, вазъи ҷаҳон бисёр мураккаб аст. Андак ноогоҳӣ, лағжиш ва нашинохтани роҳи дуруст бар зарари давлату ҷомеа ва инсоният мешавад. Ислоҳи он ба осонӣ ба даст намеояд. Дар чунин ҳолат чӣ бояд кард? Ба ин гуна пурсишҳо мо ҷавобҳои дурусту қонеъкунандаро дар ин Паём пайдо карда метавонем. Ҳамин тавр: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».
Раҳматулло ХОЛОВ,
прокурори раёсати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1