МЕҲРНОМА
Паёми навбатии Президенти кишвар, дар баробари аҳолии кишвар, миёни сокинони вилояти Суғд низ ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард.
– Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун паёмҳои қаблӣ саршор аз муҳаббат ба Ватану мардум буд, – гуфт Муҳаббат Ҳакимова, директори МТМУ рақами 1-и шаҳри Гулистон. – Пешвои миллат бори дигар аз таваҷҷуҳашон ба соҳаи маориф ёдрас шуданд. Ман наздики 37 сол аст, ба шогирдон аз фанни забони русӣ дарс мегӯям ва ифтихор дорам, ки шогирдонам дар соҳаҳои гуногун барои пешрафи Ватан саҳм мегузоранд. Имрӯз шароит тақозо мекунад, ки баҳри пешрафти соҳаҳои гуногун забонҳои гуногуни хориҷиро балад бошем.
– Ман Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамасола бесаброна интизор мешаваму бо самимият пазироӣ мекунам, – иброз намуд Шарофиддин Маносиров, сардори шуъбаи таъмиру сохтмони бахши ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар вилояти Суғд. – Дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар, дар баробари рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, оид ба вазъи кунунии таъминоти барқ ба аҳолӣ ва мушкилиҳои мавҷуда андешаҳои хешро воқебинона баён карданд. Албатта, ин мушкилиҳо дар қиёс ба даҳ-понздаҳ соли қабл ҳеҷ аст ва зуд бартараф хоҳанд шуд. Аз ҳама муҳим, эътимоди мардумро қавӣ гардонданд, ки соли 2027 мафҳуми “чароғкушӣ” аз байн хоҳад рафт, чун он сол агрегати сеюми НБО “Роғун” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”