ПИСАРОНИ МЕҲАН - СИПАРОНИ МЕҲАН
(ба хотири ду сарбози Меҳан подполковник Зиребон Наврӯзбеков ва Исматулло Қурбонов, ки 24-уми декабри соли ҷорӣ дар дифои сарҳади давлатӣ ҷавонмардона ҷон фидо карданд)
Дар марзи ту, эй Меҳан, мо сина сипар кардем,
Бар рағми ҳама душман, мо сина сипар кардем.
Аз ҷанг наметарсем, аз ҳила наметарсем,
Фардои Ватан – рӯшан, мо сина сипар кардем.
Аз оташи ҷони худ, аз партави чашми худ,
Афрӯхта сад гулхан, мо сина сипар кардем.
Ҳар лолаи ин Меҳан аз хоки шаҳидон аст,
Бар ҳурмати ин гулшан мо сина сипар кардем.
Дасти падари худро бӯсида қасам хӯрдем,
Бар хотири марду зан мо сина сипар кардем.
Ҳамкишвари мо бошӣ, ҳамсангари мо бошӣ,
Паймони вафо нашкан, мо сина сипар кардем!
ТОҶИКИСТОН ЗИНДА БОД!
Тоҷикистон, модари мо, зинда бод,
Кишвари паҳновари мо зинда бод!
Мо – уқоби кӯҳсорони Ватан,
Дар фазо болу пари мо зинда бод!
Сар ба фармони Ватан истодаем,
Сарвари бахтовари мо зинда бод!
Аз Ватан бошад паёми ифтихор,
Дар ҷаҳон фахру фари мо зинда бод!
Баъди мо гурдони Меҳан бешумор –
Ҳамдилу ҳамсангари мо зинда бод!
Гарчи дур аз домани дилбар шудем,
Дилбари ғампарвари мо зинда бод!
Боми мо кӯҳ асту номи мо – Ватан,
Ҳар куҷо бому дари мо зинда бод!
Тоҷикистон, мо зи ту розӣ шудем,
Шав зи мо розӣ, сари мо зинда бод!
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”