ГУЛИСТОН
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 4 миллиард сомонӣ гузашт
Гулистон аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав ва таъсиси ҷойҳои кор яке аз муваффақтарин шаҳрҳои саноатии вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат қадами устувор мегузорад.
Ҳамаи 50 корхонаи саноатии шаҳр, ки аксари онҳо дар заминаи хатҳои муосири технологӣ фаъолият доранду зиёдтар молу маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол мекунанд, дар 11 моҳи соли 2025 ба маблағи 4 миллиарду 381 миллиону 892,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 26,3 дарсад ва ё 1 миллиарду 70 миллиону 936,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
– Ин рақамҳо барои кормандони соҳаи саноати шаҳр ҳадди охир нестанд. Дар сурати муътадилу босамар фаъолият кардани ҳар як коргоҳу корхонаи азиму хурд солҳои наздик иқтидори истеҳсолии Гулистон дучанд хоҳад афзуд. То Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 3-5 корхонаи замонавии рақобатпазир бо саноати кишварҳои хориҷии пешрафта дар назар аст, – иброз дошт Фазлиддин Орифов, мудири бахши саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон.
Дар рушди саноати шаҳр ду корхонаи азими муштарак: ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” ва корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка” саҳми бориз доранд. Ҳиссаи ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” дар маҷмуи умумии маҳсулоти саноатии шаҳр 69,7 дарсад ва корхонаи муштараки Канадаву Тоҷикистон “Апрелевка” 6,7 дарсадро ташкил дод.
Имрӯз корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон истеҳсоли 92 номгӯйи маҳсулотро ба роҳ мондаанд, ки аксари онҳо, аз қабили хокаи сурбу руҳ ва мис, содиротӣ маҳсуб меёбанд. Соли ҷорӣ корхонаҳои шаҳр бо ширкатҳои гуногуни 22 мамлакати ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ доштанд.
– Шаҳри Гулистон феълан дар қатори панҷ муваффақтарин шаҳрҳои Суғд дар самти рушди саноат маҳсуб ёфта, 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварро боз бо дастовезу армуғонҳои шоистаи меҳнатӣ истиқбол хоҳад гирифт, – иброз дошт Илҳом Пӯлотзода, раиси шаҳри Гулистон.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”