Баргашт Чоп кардан

НАВИДИ САБЗИ ФАРҲАНГӢ

НАВИДИ САБЗИ ФАРҲАНГӢ

Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати барномавӣ ва стратегиест, ки дар он дастовардҳои ҷумҳурӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор ёфтанд. Дар Паём самтҳои асосии фаъолияти мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла перомуни сиёсати фарҳангии кишвар ибрози назар карда, фарҳангро ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат тазаккур доданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд. Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Ин ғамхории Пешвои миллат ба хотири баланд бардоштани маънавиёти наврасону ҷавонон амалӣ шуд. Инчунин, иқдоми дигаре, ки барои баланд бардоштани арзишҳои маънавии ҷомеа бо дастури Роҳбари давлат роҳандозӣ гашт, чоп ва ройгон тақсим кардани китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мебошад. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф – ЮНЕСКО таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ” ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат зикр намуданд, ки танзими ҳамоишҳо зери унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Дар ин росто, мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ, муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.

Сарвари давлат бо ифтихормандӣ аз саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ёдовар шуда, дастур доданд, ки ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ин шахсият тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Борбади Марвазӣ дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ, дар замони давлатдории Сосониён зиндагӣ карда, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориё эътироф гардидааст. Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони неки мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро, ба мерос гузоштаанд.

Бояд зикр кард, ки бо ҳидояти Пешвои миллат дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалӣ – Наврӯз бунёд карда мешаванд.

Ҳамин тавр, Паёми навбатӣ чун дигар паёмҳои Сарвари давлат саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллии мардуми тоҷик аст. Мо – зиёиёнро зарур аст, ки ҳар як нуктаи дар Паём баёншударо мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои фарҳанг ва санъат беш аз ҳарвақта саъю талош намоем.

Сӯҳроб ЗОКИРЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа,

дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

ба номи Мирзо Турсунзода