«Муқоиса ҳам кори хуб аст
Ё чаро ба озмоишгоҳҳои хусусӣ боварӣ меафзояд?» Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» миннатдории худро баён менамояд.
Ҳамзамон, вобаста ба мақолаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 19-уми декабри соли 2025, №239-240 (25 355) таҳти унвони «Муқоиса ҳам кори хуб аст. Ё чаро ба озмоишгоҳҳои хусусӣ боварӣ меафзояд?» иттилоъ дода мешавад, ки дар матлаб масъалаи нобоварӣ ба ташхисгоҳҳои давлатӣ ва набудани таҷҳизоти зарурӣ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» матраҳ гардидааст. Бо дарназардошти аҳамияти мавзуъ, Вазорат маълумоти заруриро пешниҳод намуда, омодагии худро барои ҳамкории минбаъда изҳор менамояд.
Бояд қайд намуд, ки «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» яке аз муассисаҳои муҳими илмӣ-тадқиқотии кишвар буда, дар самти корҳои илмӣ ва амалии тибби профилактикӣ, бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ фаъолият менамояд. Дар баробари он, дар ҷумҳурӣ як қатор муассисаҳои калидии соҳаи тандурустӣ фаъолият доранд. Ин муассисаҳо ва озмоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, ки дар сохтори муассисаҳои тиббӣ амал мекунанд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ таъмин гардида, таҳлилҳои клиникӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ ва паразитологиро дар сатҳи баланд анҷом медиҳанд. Хидматрасониҳои тиббӣ ва ташхисӣ мутобиқи стандартҳои муосир ба аҳолӣ пешниҳод шуда, барои ташхиси дақиқ ва табобати самаранок заминаи боэътимод фароҳам меоранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷумла рӯзноманигорон, ҳамеша дар доираи тартиботи муқарраршуда мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ҳолати мазкур низ мақолаи рӯзноманигор Бузургмеҳри Баҳодур аз ҷониби роҳбарияти Пажӯҳишгоҳ ва сохторҳои дахлдор расман қабул ва баррасӣ гардидааст. Дар ҷараёни мулоқот ба муроҷиаткунанда тартиби бақайдгирӣ, низоми пардохти ғайринақдӣ ва роҳҳои гирифтани маълумот дар шакли электронӣ муфассал шарҳ дода шуд.
Дар баробари ин, ҷиҳати фаъолияти илмии Пажӯҳишгоҳ таъкид мегардад, ки танҳо дар давоми се соли охир аз ҷониби олимони Муассиса беш аз 100 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи соҳавӣ ба нашр расида, 11 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ омода ва ҳимоя шудааст.
Вазорат тамоми тадбирҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ намуда, заминаи устувор барои хидматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони кишвар бо усулҳои муосир фароҳам меорад.
Вазорат ёдрас мекунад, ки мувофиқи талаботи қонунгузорӣ, ҳар гуна норозигӣ аз хидматрасонӣ бояд, пеш аз ҳама, ба роҳбарияти Муассиса пешниҳод гардад, то ки масъала дар сатҳи дохилӣ ҳаллу фасл шавад. Танҳо баъд аз баррасии расмӣ ва гирифтани ҷавоби дахлдор, паҳн намудани мавод дар воситаҳои ахбори омма қобили қабул мебошад. Дар ҳамин замина, роҳбарияти Вазорат миннатдории худро ба Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва инъикоси масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ баён менамояд. Умед дорем, ки минбаъд низ робитаҳои созанда ва ҳамкории судманд миёни Вазорат ва редаксияи рӯзнома идома ёфта, ба беҳбуди хидматрасониҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
А. Амирзода,
муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон