Баргашт Чоп кардан

СОЛИ АСП Гуфтаниҳои ногуфта

СОЛИ АСП Гуфтаниҳои ногуфта

Азбаски соли 2026 соли асп аст, тасмим гирифтем, ки дар бораи хосиятҳои шири асп ба хонандагон каме иттилоъ диҳем.

Шири асп маҳсулоти беназир, серғизо ва ба осонӣ ҳазмшаванда аст, ки аз рӯйи таркиб ба шири модар наздик буда, аз витамину минералҳо ва сафеда бой аст. Маҳз чунин хусусиятҳо шири аспро махсусан, барои кӯдакон ва одамони ба шири гов ҳассосиятдошта ба як воситаи арзишманди парҳезӣ ва табобатӣ табдил медиҳад.

Дар тибби мардумӣ шири аспро барои меъдаю рӯда муфид меҳисобанд, зеро сабукҳазм буда, фаъолияти узвҳои ҳозимаро беҳтар мекунад. Аз ин рӯ, истеъмоли он барои гирифторони бемориҳои гастрит ва дисбактериоз муфид аст.

Баъзе табибон шири аспро барои беҳтар шудани ҳоли ашхоси гирифтори камхунӣ тавсия медиҳанд. Он барои беҳ гардидани ҳолати пӯст ва сиҳатёбии захмҳои сабук манфиатбахш мебошад. Барои ашхоси гирифтори беҳолӣ ва камқувватӣ шири асп қувватбахшанда ба шумор меравад. Онро дар тибби мардумӣ барои муолиҷаи бемориҳои сабуки роҳҳои нафас ҳамчун воситаи ёрирасон истифода мебаранд.

Бинобар дар таркиби шири асп мавҷуд будани витаминҳои А, С, гурӯҳи В ва минералҳо, он қувваи муҳофизатии баданро баланд мебардорад.

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз шири асп шакалод истеҳсол мекунанд, ки дар таркибаш қанд надорад.

Дар баробари шир гӯшти асп низ дар бисёр кишварҳо истеъмол мешавад. Дар гӯшти асп миқдори сафеда зиёд буда, он барои нерумандшавӣ ва рушду барқарорёбии бадан муфид аст. Дар таркиби гӯшти асп оҳан зиёд ва холестерин камтар аст. Бисёриҳо онро нисбат ба дигар гӯштҳо осонтар ҳазм мекунанд. Аз ин рӯ, гӯшти он бисёртар барои касоне, ки аз камхунӣ, беҳолӣ, фарбеҳӣ ва мушкилоти меъдаю рӯда азият мекашанд, фоидабахш мебошад. Гирифторони бемории ниқрис (дарди бандҳои устухони дасту пой) ва касалиҳои ҷигар онро бояд ба миқдори кам истеъмол намоянд.

С. СУННАТӢ, «Ҷумҳурият»