ДАВЛАТДОРӢ
Истиқлоли энергетикӣ наздик аст!
Энергетика дар шароити имрӯзаи ҷаҳон яке аз соҳаҳои муҳимтарин ва стратегии иқтисоди ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон низ бо доштани манбаъҳои бузурги об, захираҳои бойи табиӣ ва иқтидори нодири гидроэнергетикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ин самтро ба яке аз афзалиятҳои асосӣ табдил дод.
Ин ҳама ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ки дар давоми роҳбарии худ соҳаи энергетикаро ҳамчун пояи асосии рушди устувор ва ояндаи кишвар муайян карданд. Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Энергетика барои мо танҳо як соҳа нест, балки омили муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва асоси пешрафти иқтисоди миллӣ мебошад. Тоҷикистон бояд кишвари дорои истиқлолияти комили энергетикӣ гардад».
Аз рӯзҳои аввали истиқлолият, вақте кишвар ба буҳрони сахти барқ рӯ ба рӯ буд, роҳбарияти давлат зарурати стратегии рушди энергетикаро дарк намуд. Бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат барномаҳои давлатӣ таҳия шуда, бунёди неругоҳҳои нав, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳои мавҷуда, сохтмони хатҳои баландшиддат, зеристгоҳҳои гуногун ва дигар иншооти калони техникӣ оғоз гардид. Дар натиҷа соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва кишвар ба марҳалаи устувори рушд ворид шуд. Неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ба истифода дода шуданд, яке аз аввалин қадамҳои бузург дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буданд. Дар баробари ин, таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бомуваффақият анҷом ёфт. Таъмиру таҷдиди НБО «Норак» яке аз қадамҳои муҳим дар таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон аст.
Дар водии Рашт ва Бадахшон низ як қатор неругоҳҳо мавҷуданд, ки солҳои истиқлолият таҷдид ё барқарор гардиданд. НБО «Помир-1» дар ВМКБ барои аҳолии водиҳои дурдаст манбаи асосии неруи барқ буда, баъд аз таҷдид самаранокии он афзуд. Неругоҳҳои хурду миёнае, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқарор ва навсозӣ шуданд, аҳамияти бузурги иҷтимоӣ доранд, зеро мардумро дар минтақаҳои кӯҳистон бо барқи доимӣ таъмин мекунанд.
Аммо муҳимтарин рӯйдоди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, бешубҳа, оғози сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки онро Пешвои миллат “иншооти тақдирсоз ва сармояи стратегӣ” номидаанд. «Роғун» на танҳо неругоҳ, балки ояндаи дурахшони кишвар аст. Ин иншооти азим, ки бо иқтидори умумии зиёда аз 3600 мегаватт ба нақша гирифта шудааст, дорои 6 агрегати бузург мебошад. То имрӯз ду агрегати он ба кор дароварда шудааст. НБО «Роғун» баъди пурра ба кор даромадан, на танҳо истиқлолияти энергетикиро таъмин мекунад, балки Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои содиркунандаи неруи барқ табдил медиҳад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор гуфтаанд: ««Роғун» ормони миллӣ, қуллаи дастовардҳои муҳандисии тоҷик ва неруи ояндаи давлат аст. Мо онро бо қувваи мардум месозем ва барои фарзандони худ мероси нодир мегузорем».
Бунёди НБО «Роғун» ба тамоми минтақаҳои кишвар имкониятҳои нав фароҳам меорад: рушди саноат, таъсиси ҷойҳои кор, афзоиши иқтидори содиротӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум.
Илова бар неругоҳҳо, бо дастгирии Пешвои миллат садҳо километр хатҳои баландшиддати 110, 220, 500 кВ бунёд ва навсозӣ шуданд. Сохтмони хатти 500 кВ «Ҷануб – Шимол», ки ҷануб ва марказу шимоли кишварро бо ҳам пайваст, яке аз бузургтарин дастовардҳо мебошад. Дар баробари ин, татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар оянда неруи барқро ба кишварҳои Афғонистон, Покистон ва дигар давлатҳо содир намояд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсафи минтақа дар самти истифодаи энергияи барқароршаванда ба ҳисоб меравад. Манбаъҳои обӣ, бодӣ ва офтобӣ имкон медиҳанд, ки дар тамоми қаламрави кишвар неругоҳҳои хурду миёнаи офтобӣ ва бодӣ бунёд шаванд.
Ҳамаи ин дастовардҳо собит месозанд, ки Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Мақсудҷон ГУЛОВ,
сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор
бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино