Баргашт Чоп кардан

Таъмини шароити нави таълимӣ

Истаравшан

Таъмини шароити нави таълимӣ

Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани инфрасохтори муосири таълимӣ ва бунёди биноҳои нав бар ивази мактабҳои садамавӣ, дар Истаравшан корҳои сохтмонӣ вусъати тоза гирифтаанд.

Тавре аз дафтари матбуоти раиси шаҳр хабар доданд, МТМУ №18, ки дар маҳаллаи Сари Мазори деҳоти Гули Сурх ҷойгир аст, солҳои охир ба бинои садамавӣ табдил ёфта, барои таълими босифат шароити кофӣ надошт.

Бо мақсади ҳаллу фасли ин мушкилот барои бунёди бинои нави муассисаи таълимӣ қитъаи замин ҷудо гардид. Бинои муассисаи таълимӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ муассиси ҶДММ “Гули сурх” Ислом Азимов бунёд мешавад ва аз 28 синфхона иборат хоҳад буд, ки дар ду баст ба 1400 хонанда пешбинӣ мегардад.

Ин иқдом, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти иҷтимоии соҳибкор сурат гирифт, ба раванди ободонии шаҳр равиши тоза бахшид. Айни ҳол корҳо дар сохтмони бинои мактаб тавсеа ёфта, бетонрезии зеркурсии бинои нав бомаром ҷараён дорад.

Татбиқи ин гуна ташаббусҳои бунёдкорона барои фароҳам овардани шароити таълими муосир заминаҳои устувор мегузорад.