Исфара
Вусъати ободкориҳо деҳа ба деҳа
Дар шаҳри Исфара омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тадбирҳои ободонӣ ва беҳсозии шароити зиндагии мардум ҷараён дорад.
Тибқи иттилои масъулон, ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар шаҳр сохтмон, азнавсозӣ, таъмиру тармим ва таҷҳизонидани 935 иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Ин иқдомҳо тамоми бахшҳои ҳаёт, аз ҷумла соҳаҳои маорифу тандурустӣ, роҳсозӣ, саноат, фарҳанг ва инфрасохтори коммуналиро дар бар мегиранд.
Дар давраи солҳои 2022-2024 ва 11 моҳи соли ҷорӣ, дар маҷмуъ 867 иншоот бо харҷи 281,8 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 93 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Амалисозии нақшаҳои пешбинишуда имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ беҳтар гашта, иқтидори истеҳсолӣ баланд бардошта шавад. Фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва муҳайё сохтани муҳити мусоиди зиндагӣ барои сокинон аз ҳадафҳои дигари корҳои созандагӣ мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорону сармоягузорон ва мардуми заҳматкаш бо дарки масъулияти баланд саҳми худро дар раванди омодагӣ ба Ҷашни миллӣ мегузоранд. Ин раванд идомаи мантиқии сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти кишвар буда, ба ободии ҳар ҷамоату маҳалла равона шудааст.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”