«РАВОБИТ БО ОЛАМИ ҒАРБ: НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИК»
Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти чунин унвон китоби нави номзади илмҳои таърих Фирдавс Шарифзода (зери назари вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин) ба забони тоҷикӣ дар нашриёти «ЭР-Граф» нашр гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Фирдавс Шарифзода дар китоб муҳтаво, ҷузъиёти муколамаи сиёсӣ, робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмию маърифатӣ, фарҳангии давоми ин солҳо бо олами Ғарб тақвиятёфтаи Тоҷикистонро, пеш аз ҳама, тавассути инъикоси нақши беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлил кардааст.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”