ҶАМЪБАСТИ СОЛ
Ҷоизаҳои Globe Soccer Awards 2025:
аз Дембеле то Роналдо
28-уми декабр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб маросими ҷоизасупории “Globe Soccer Awards 2025” баргузор шуд.
Ғолибон дар номинатсияҳои “Беҳтарин бозигар”, “Беҳтарин ҳамлагар”, “Беҳтарин бозигари Ховари Миёна”, “Беҳтарин мураббӣ”, “Беҳтарин нимҳимоятгар”, “Беҳтарин клуб”, “Беҳтарин даста” ва ғайра эълон карда шуданд.
Усмон Дембелеи фаронсавӣ аз дастаи “ПСЖ” бозигари сол эълон шуд. Ҳамлагари дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ Кристиан Роналдо бошад, ҷоизаи “Беҳтарин бозигари Ховари Миёна”-ро ба даст овард. Сармураббии “ПСЖ” Луис Энрике “Беҳтарин мураббӣ”, Ламин Ямал (“Барселона”) – “Беҳтарин ҳамлагар”, Витиня (“ПСЖ”) – “Беҳтарин нимҳимоятгар”, Дезире Дуэ (“ПСЖ”) – “Беҳтарин бозигари ҷавон”, клуби футболи “ПСЖ” бошад, “Беҳтарин клуби футболи мардона” эътироф шуданд. Ҷоизаҳои “Футболбози сол миёни бонувон” ба Айтана Бонмати (“Барселона”), “Дастаи мунтахаби сол” ба Португал, “Беҳтарин клуби футболи занона” ба “Барселона”, Ҷоизаи Диего Марадона (барои маҳорат ва истеъдод) ба Ламин Ямал (“Барселона”), Ҷоизаи фаъолияти барҷаста ба Андрес Иниеста ва Хидетоши Наката, “Бозгашти сол” ба Пол Погба, “Варзишгари барҷаста”, ки бо ташаббуси Кристиан Роналдо таъсис ёфтааст, ба теннисбоз Новак Ҷокович насиб гашт.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”