НОДИРА
Бонуе, ки 25 сол ба “Набзи Деваштич” гӯш дод
Нодира Отахонова. Ин ному насаб дар ҷаҳони орзуву ормонҳои ман чун гавҳаре тобнок аст. Чунки бо соҳиби ин номи зебои шоирона замоне ошно шудам, ки навраси мактабхон будам, аз неку бади ҷаҳон хабаре надоштам ва тоза шеърҳои камрангу ҳаваскорона менавиштам. Бо оташи баланди ҳавас назмгунаҳои худро дар дафтаре навишта, пеши ин бону мебурдам ва дар суҳбати ботамкинаш нишаста, оромиш меёфтам, забонаи оташи ҳавас кам-кам неру мегирифт.
Медонем, ки дар матбуоти маҳаллии бештари шаҳру ноҳияҳои мо касоне қаламфарсоӣ мекунанд, ки ба кори эҷодӣ муҳаббати рӯзафзун доранд, шеър, мақола, латифа ё ҳикоя менависанд, як зумраи дигари онҳо соҳибкитоб ҳам ҳастанд. Аз ҷумла, қаҳрамони мо Нодира Отахонова ҳам дар баробари фаъолияти 25-сола дар ҳафтаномаи “Овози Ғончӣ” (ҳоло “Набзи Деваштич”), инчунин, шоири хуб ҳам аст.
Латофат Кенҷаева ва Зулфия Атоӣ, ду шоири номошнои ноҳия дар шаҳри Душанбе буданду имкони раҳнамоии қаламкашони навкорро дар ноҳия надоштанд. Ин аст, ки бештари эҷодкорони навкор пеши ӯ ва Эгамназари Соҳибназар мерафтанд.
Ёдам ҳаст, ки дар солҳои 2008-2010 ба дафтари кӯчаки кориаш ба идораи “Набзи Деваштич”, воқеъ дар маркази шаҳраки Ғончӣ мерафтам. Он хеле хоксорона ва муқаррарӣ буд. Мизу курсиҳои замони шуравӣ, дуртар аз ӯ мошинаи чопии замони пеш, коғаҳои вижаи чопи газета: чанде наву хокистарӣ, чанде кайҳо ранги зард ба худ гирифта. Аз компютер ному нишоне набуд. Дар болои мизаш чойникчаи хурди оҳанӣ ҳам меистод, ки нақшу нигор дошт.
Аз ин фазои дар назари аввал одӣ ранги муҳаббатро мушоҳида кардан имкон дошт, аз чойнику пиёлааш накҳати шеъру сухан метаровид. Бо шавқ ба ин манзили умед меомадам. Каме ҷиддӣ менамуд, чашмонаш ҳузн дошт ва қариб, ки намехандид. Бо ҳампешагон ҳам чанд ҷумлаи кориро зуд-зуд радду бадал мекарду боз хомӯш мемонд.
Баъди ислоҳу таҳрирҳои нозуку муҳими Нодирабону шеърҳои ман рангу бӯ пайдо мекарданд, низом меёфтанд ва баъзе намунаҳои хубаш дар “Овози Ғончӣ” чоп мешуданд.
Мисли ӯ бонувони хушқалам дар музофоти кишвар хеле зиёданд. Ӯ ҳам солҳо дар матбуоти маҳаллии ноҳияи Деваштич қаламронӣ карда, оташи муҳаббати коғазу қалам дар дилаш шуълаафканӣ дорад. Имрӯз ҳам бошад, вақти озодтар ёфта, коғаз сиёҳ мекунад, шеър меофарад, мақола иншо менамояд ё дар бораи ин, ё он одамони барӯманди зодгоҳ лавҳаҳо менависад.
Дар ниҳоят, метавон гуфт, ки Нодира дар муҳити хеш чароғи илму адабро мемонад, то охирин зарфияту тавоноӣ нурбахшӣ мекунад ва аз китобу коғазу хома ҷудо нест. Соҳиби маҷмуаҳои “Гулистони адаб”, “Ширу шакар”, “Дуруд эй ишқ!”, “Ибтидо” (2017), лавҳаву қиссаҳои ҳуҷҷатии “Аваз” (2004), “Як шаҳиди Ватан” (соли 2010), “Боғбони боғи дилҳо” (2013), “Собиқадори меҳнатшиор” (2023) мебошад.
Бовар дорем, ки то даме дили чунин модарони сабур метапад, фардои мунаввар ба рӯйи мо дар боз хоҳад кард.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”