Дузде, ки ислоҳ нагардид, боз ба ҷавобгарӣ кашида шуд
Як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 36-сола ном мебарад, ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир шуд. Гумонбар дар ҳоле ба дасти милитсия афтод, ки қаблан бар асоси моддаи 244 қисми 2 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.
Тибқи иттилои ВКД, ин мард 15-уми ноябри соли 2025 бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии зани 44-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва 50 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳоло алайҳи гумонбаршаванда бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”