Қаноатмандии роҳбарони вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз сатҳи муносибатҳо
29-уми декабр дар вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳайатҳои вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Айбек Шаменов аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона ва робитаҳои ҳасанаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ин равобити нек самараи сиёсати оқилона ва хирадмандонаи сарварони ду давлат мебошад.
Зикр шуд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2025 ба марҳалаи сифатан нав ворид гардиданд. Аз ҷумла, бозкушоии расмии гузаргоҳҳо дар сарҳади давлатии ду кишвар имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистону Қирғизистон дубора робитаҳои деринаи ҳамсоядориро эҳё намуда, роҳи нави ҳамкориҳои густурдаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро боз намоянд.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки иродаи қавӣ ва мавқеи созандаи роҳбарони олии ду давлат барои таҳкими ҳамкориҳо замина гузошт, то гузаргоҳҳои марзӣ расман фаъол гарданд. Ин рӯйдод ҳамчун рамзи эҳтироми мутақобил, ҳамдигарфаҳмӣ ва талоши муштарак барои сулҳу шукуфоӣ арзёбӣ гардид.
Раҷаб Аҳмадзода ва Айбек Шаменов изҳори бовар намуданд, ки соли 2026 ҳамкориҳо дар тамоми самтҳо боз ҳам густариш ёфта, мардуми ду кишвар дар фазои сулҳу субот кору зиндагӣ намуда, дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои созанда саҳми арзанда мегузоранд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”