Президент
Паём ва марҳалаи нави рушд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат масъалаҳоеро ба миён гузоштанд, ки татбиқи самараноки онҳо роҳи тараққиёти кишварро барои зиндагии боз ҳам шоистатари мардум ҳамвор хоҳанд кард. Паёми имсола бо таҳлили вазъ, дастовардҳои назаррас, вазифагузориҳо ҷиҳати таҳкими соҳаҳои муҳими давлатӣ ва бо мақсади рушди устувор ироа гардид. Дар ин росто, хабарнигорони рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки бо мақсади инъикос ва бозтоби васеи Паём 16-уми декабр дар бинои нави Маҷлиси Олӣ ҳузур доштанд, андешаҳои иштирокчиёнро вобаста ба вижагиҳои Паёми навбатӣ пурсиданд, ки фишурдаи онро манзур менамоем:
Муҳаммадтолиб Шокирзода,
муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва
варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– Паёми имсола аз паёмҳои қаблӣ хеле фарқкунанда буд. Баррасии масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ва он мушкилоту дастовардҳое, ки аз забони Роҳбари давлат садо доданд, таҳлили даҳсоларо дар бар мегирифт. Маълум гардид, ки тамоми соҳаҳои муҳими кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ қадам ба қадам, марҳала ба марҳала дар ҳоли рушданд. Чун мо татбиқкунандаи сиёсати давлат дар самти кор бо ҷавонон маҳсуб меёбем, хушҳол аз онем, ки Пешвои миллат сиёсати давлатии ҷавонон ва варзишро бори дигар дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доданд. Роҳбари давлат аз дастоварду пирӯзиҳои ҷавонон бори дигар истиқбол карда, зикр намуданд, ки ҷавонон дар ҳама самтҳо қувваи асосии пешбарандаи сиёсати давлат буда, дар пешрафти кишвари азизамон саҳми бузург мегузоранд. Ҳамчунин, Пешвои миллат изҳори қаноат карданд, ки ҳисси ватандӯстии ҷавонон сол ба сол тақвият ёфта, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд.
Яке аз самтҳои ҳаётан муҳими ҷавонон, ки Пешвои миллат бо хушнудӣ зикр доштанд, ин иштироки ҷавонон дар мусобиқоти варзишии байналмилалӣ мебошад, зеро ҷавонони бонангу номус барои боло бурдани шарафу обрӯи Тоҷикистон дар мусобиқоти варзишӣ иштирок мекунанд ва Парчами давлатамонро боло мебардоранд.
Таъкидҳои Сарвари давлат моро водор месозанд, ки худшиносу худогоҳ бошем, фарзандҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем ва онҳоро барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, роҳнамову ҳидоятгар бошем. Ман боварии комил дорам, ин Паём барои ҳар шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон як роҳнамои хуб аст, як дастурамалест, ки мо метавонем дар заминаи татбиқи нишондодҳои он ба ҳадафу мақсадҳои хеш бирасем.
Абдувалӣ Абдураҳмонзода,
директори нашриёти ҷумҳуриявии “Ирфон”:
– Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро мушаххасан таҳлил карда, вазифаҳоро барои оянда мушаххас намуданд. Пешвои миллат зикр карданд, ки муассисаҳои нашрӣ тавонистанд, тайи даҳ соли охир 900 номгӯйи китобро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, манфиатҳои давлатӣ нашр намуда, дастраси хонандагон гардонанд. Дар ин замина аз китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров, “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ва Қуръони карим, ки бо тарҷумаи забони тоҷикӣ дастраси ҳар хонадон гардид, ёдовар шуданд.
Дар ин росто, Роҳбари давлат иброз доштанд, ки илм нур аст ва метавонад миллати тоҷикро ба арсаи байналмилалӣ боз ҳам муаррифӣ намояд. Воқеан, бо нашри осори илмӣ, таърихӣ ва сиёсӣ метавонем ҷомеаро ҳушманд созем, зеро маҳз насли ҳушёру босавод метавонад миллатро ҳифз ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунад.
Абдуллоҳи Раҳнамо,
сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”:
– Паёме, ки имсол Пешвои миллат ироа карданд, як барномаи мукаммали рушди Тоҷикистон дар марҳалаи минбаъда буд ва он се чизи асосӣ дошт. Аввал, таҳлили марҳалаи гузашта. Чи хеле худашон гуфтанд, қисми аввали Паём таҳлили дастовардҳои даҳ соли гузаштаи Тоҷикистон буд ва ин даҳсоларо соҳа ба соҳа ҷамъбаст карда, нишон доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи худ наистод, балки босуръат дар ҳоли пешрафт аст. Дар қисми баъдӣ, пешниҳодҳо ва дурнамоҳое, ки барои ҳар як соҳаи кишвар Пешвои миллат ҳамчун Роҳбари давлат дар назар доранд, ироа карданд ва дар қисми хотимавӣ як силсила ҳидоятҳои барои оянда муҳим ироа шуданд.
Агар ба таври ҷамъбаст гӯем, Паёми имсола маҳз бо ин фарқ мекард, ки он рӯзномаи рушди Тоҷикистонро дар марҳалаи нав инъикос кард, зеро солҳои 2000-ум паёмҳои Сарвари давлат ба барқарории сулҳ, субот, амният, ҳалли масъалаҳои идеологию сиёсӣ равона буданд. Имрӯз, ки ин масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд ва Паём масъалаи рушди иқтисодӣ, гузаштан ба ҳукумати электронӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ кардани технологияи инноватсионӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, дар маҷмуъ, масъалаҳои инноватсионӣ ва навоваронаро фаро гирифт. Бинобар ин, Паёми имсола Паёми давраи рушд аст.
Дар ниҳоят, чун дар ин ҷо корпуси дипломатӣ – намояндагони сафоратҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд, ман ифтихор кардам, ки Пешвои миллат ҳамчун як лидери сиёсӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро бо боварӣ ва аз мавқеи устувор муаррифӣ карданд. Тавре зикр шуд, дар як рӯз – 12-уми декабр Созмони Милали Муттаҳид ду қатъномаро бо пешниҳоди Тоҷикистон қабул намуд, ки дигар кишварҳо инро орзу мекунанд. Бинобар ин, мо ҳам дар арсаи дохилӣ дастовардҳои қобили ифтихор дорем, ҳам дар сатҳи байналмилалӣ.
Фарҳод Қодирзода,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор:
– Паём санади сарнавиштсоз, роҳнамои иҷрои ҳадафҳои шоиста буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегарданд. Дар Паёми навбатӣ дастоварду пешравиҳои дар зарфи солҳои охир ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол баён гардиданд. Вобаста ба ҷабҳаҳои матраҳгардида, аз ҷумла масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, илму маориф ва иҷтимоӣ, мавриди омӯзишу хулосабарорӣ қарор гирифтанд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки Паём аз нигоҳи сиёсӣ воқеияти сиёсии на танҳо дохилӣ, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ дар бар гирифта, мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба рӯйдоду ҳодисаҳои як соли охир дақиқ муайян намуд. Дар робита ба ин, мебояд зикр кард, ки мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”