Баргашт Чоп кардан

ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ – ПАЁМИ ПИРӮЗИҲО

ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ – ПАЁМИ ПИРӮЗИҲО

Паёми навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар ҷамъбасти соли 2025 бо таъбири худи Президент “бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим” сипарӣ шуд, метавон Паёми навин аз пирӯзиҳои халқи тоҷик дар соли 2025 унвон кард.

Воқеан, ин Паём - паёми ифтихори миллӣ, паёми эҳёи навини маънавиёти миллати мо, паёми ягонагии мардуми порсизабони дунёст. Банда дар толори он ҷамъомад набудам, аммо ин Паёмро аз аввал то ба охир шунидаму дидам ва баъдан матни онро гаштаву баргашта бо қаноатмандӣ ва таваҷҷуҳи хосса мутолаа намудам. Хусусан, он қисматҳои Паём, ки ба мавзуъҳои эҳёи маънавӣ ва худшиносиву ифтихори миллӣ бахшида шуда буданд, бароям сахт ҳаяҷонангез буданд.

Вақте ки аз забони Пешвои миллатамон ин суханҳо садо доданд, ки “Конун – Маркази тамаддуни ориёӣ” кушода шавад”. Ва ҳангоме ки супориш доданд: “Маркази байналмилалии Наврӯз” бунёд гардад, банда аз хурсандиву ҳаяҷон ва эҳсосоти фарогирифта дар қатори мардуми нишаста дар толори Парлумони давлатӣ беихтиёр аз ҷо ҷаста хестаму кафкӯбӣ кардам.

Дар нутқи Пешвои миллатамон мавридҳое, ки чунин ангезишҳои ватандӯстонаи ифтихори миллӣ садо додаву аҳли толорро водоштанд, ки сари по хеставу кафкӯбиҳо кунанд, хеле зиёд буданд, ки ҳар яки он шоистаи баррасии доманадор аст. Аммо ман ҳоло танҳо ҳамин ангезиши аз ду пешниҳод гирифтаамро хостам баён кунам.

Ҳамон лаҳзае, ки Паёмро мешунидам, дар зеҳнам сатрҳое эҷод шуданд, ки мехоҳам онҳоро пешкаши хонандагони арҷманд кунам. Воқеан, Пешвои миллатамон бо сиришти ватандӯстонаи беҳамто ва ғамхориҳои беназир дар эҳёи навини кишвару миллати накуномамон, хосса, маънавиёти бузургу оламгири он хидматҳои ҷоннисоронае карданд, ки сазовори ситоишҳост.

Ин ки имрӯз Пешвои миллати моро тамоми мардуми порсизабони дунё Пешвои тоҷикони дунё мехонанд, худ, аллакай, эътирофи бебаҳси обрӯву нуфузи шахсияти Пешвои миллатамон ва Тоҷикистони азизи мост, ки ҳар яки мо бо он сарбаландона ифтихор мекунем.

АЗ САРИ ОР ОРИЁНӢ

Як ту мондӣ, аз сари ор ориёнӣ,

Як туӣ дар кору пайкор ориёнӣ.

Ориён пайваста, дардо, рафт аз даст,

Сарзамини ори мо гашт ормонӣ.

Як ту эҳёбахши ин марзи куҳанбун,

Бо фару бо азму руҳи бостонӣ.

Зеби даргоҳи каёнӣ як ту мондӣ,

Ҷоннисоре дар масири покҷонӣ.

Бо ту акнун Тоҷикистон Ориёност,

Нанги моро чун сипар дар ҷисму ҷонӣ.

Бо зулоли обҳои поки Меҳан,

Сӯи хушбахтиву ободӣ равонӣ.

Сар ба сар дар партави нуру навидӣ,

Пайку пирӯзии халқи сахтҷонӣ.

Пойтахти тоҷикони рӯйи дунёст

Меҳани мо дар масири ҷонфишонӣ

Дар раҳи эҳёи мулку миллати худ,

Ман дуо дорам, ки ҳаргиз дар намонӣ.

Як ту мондӣ, аз сари ор ориёнӣ,

Як туӣ дар кору пайкор ориёнӣ.

Пешвои тоҷикони рӯи дунё,

Фарруху фархунда дар рӯи ҷаҳонӣ!

Фарруху фархунда бошӣ!

Фарруху фархунда монӣ!

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон