Баргашт Чоп кардан

Гранд-слами Париж – аввалин мусобиқаи Сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2026

ҶУДО

Гранд-слами Париж – аввалин мусобиқаи

Сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2026

 

Сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2026 бо мусобиқаи Гранд-слами Париж (Фаронса) оғоз мегардад. Мусобиқа 7-8-уми феврал ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи аввали сол 284 варзишгар аз 47 давлат ширкат хоҳанд кард. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқа паҳлавонони кишварро номнавис кардааст, ки барои медал ва ҷоизапулӣ мубориза мебаранд. Чун анъана ҷоизапулӣ барои ҷойи якум аз 5000 евро, ҷойи дуюм – 3000 ва ҷойи сеюм аз 1500 евро иборат аст.

Дар ҳоле ки паҳлавонони кишвар соли навро оғоз мекунанд, ноиби аввали раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков соли 2025-ро натиҷагирӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаҳои соли 2025 тағйироти сифатии модели муваффақияти ҷудои тоҷикро нишон медиҳад. Соли 2025, ҷудочиёни мо дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ 106 медал (21 тилло, 27 нуқра, 58 биринҷӣ) ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2024-ум 57 медал зиёд аст. Хусусан, натиҷаҳо дар мусобиқаҳои “Grand Slam” қобили қайд аст. Дар ҳоле ки шумораи умумии медалҳоро (16 медал) нигоҳ доштанд, даста як ҷаҳиши назаррасе ба даст овард: шумораи медалҳои тилло аз 2 адад дар соли 2024 то 4 адад дар соли 2025 афзоиш ёфт.

“Соли 2025, Федератсия шиддати тамринҳоро ба таври назаррас афзоиш дод. Шумораи сафарҳои муваффақонаи байналмилалӣ қариб ду баробар афзуд – аз 14 то 26 мусобиқа, дар ҳоле ки иштирок ва ташкили ҷамъомадҳои тамринии байналмилалӣ ба 12 расид, ки беш аз 500 варзишгарро дар бар гирифт”, – иброз намуд Э. Маҳмадбеков.

Рӯйдодҳои калидии сол инҳо буданд: Чемпионати Осиё дар Бангкок, ки дар он даста 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ба даст овард; Гранд-слами Душанбе, ки даста бори аввал дар таърих дар ҳисоби даставӣ ҷойи аввалро гирифт (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ); Чемпионати ҷаҳон, ки барои ҷудои тоҷик таърихӣ буд: Эмомалӣ Нуралӣ (66 кг) аввалин медали нуқраро дар Чемпионати ҷаҳон ба даст овард, Обид Ҷебов (66 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) медали биринҷӣ гирифтанд. Миёни ҷавонон Муҳиддин Асадуллоев ба муваффақияти беназир ноил гардид ва дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон медали тилло ба даст овард.

“Соли 2025 барои ҷудои тоҷик соли бобарор буд. Модели системавии татбиқшуда, ки бо иштирок ва дастгирии доимии раиси Федератсия Исмоил Маҳмадзоир амалӣ карда мешавад, на танҳо самараи пойдор медиҳад, балки симои нави Тоҷикистонро дар харитаи ҷудои ҷаҳонӣ ташаккул медиҳад”, – натиҷагирӣ кард Э. Маҳмадбеков.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”