«ЁДДОШТҲО» – ЁДГОРИ ПУРҲИКМАТ
(Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов)

“Ёддоштҳо” асари навбатии ин чеҳраи маъруфи кишвар мебошад, ки ба тозагӣ дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст. Муҳтавои ин асари пурҳикмат аз васфу бузургдошти падару модар, тараннуми Ватани азиз, ҳамду санои бани Одам, самимияту вафодорӣ ба дӯстон, садоқат ба гиромидошти илму дониш, покизагии виҷдон, ростиву ҳақиқатпарастӣ, намакпазирӣ, фурӯтаниву тааммулу таҳаммул, мазаммати таассубу хурофот, ҷаҳолат, хиёнаткорӣ, воситаҷӯӣ, такаббуру худписандӣ ва дигар хисоли манфури одамизод иборат буда, хонандаро ба андешаи амиқ раҳнамун месозад.
Хеле сифатчинӣ кардем, аммо бо ин тавсифу тасвир мазмуну мундариҷаи “Ёддоштҳо” фаротар аз он буда, сазовори таҳқиқу баррасии адабиётшиносон, ноқидон ва афроди сухандон мебошад. Навиштаи мо на тақризу китобиёт, на даъвои мунаққидӣ, балки таассуроти як хонанда аз байни ҳазорон мухлисони ин адиби тозанигор аст.
“Ёддоштҳо”–ро ҳарисона ва ба таъбире бо сари сӯзан, сатр ба сатр хондам. Асар аз ду қисм иборат буда, 21 боб дорад. Ҳар қисми он бештар аз 600 саҳифа дошта, бо чопи офсет ва бо сифати баланд нашр шудааст. ДИЛИ МАН БАР ТУ ҲАМЕ МЕҲР ОВАРД
Боби XII “Ёддоштҳо” “Бадахшон” унвон гирифта, қисмати аъзами асарро ташкил медиҳад ва аз 183 саҳифа, ки худ арзиши як қиссаву достонро дорад, иборат аст. Чӣ имтиёзу афзалияте доштааст ин боб, ки нисбат ба дигар қисматҳои асар батафсил тафсир ёфтааст?
Посухи ин суолро худи муаллиф бо як ҷаҳон муҳаббат, самимият, воқеият, бидуни пардозу муболиға, аз умқи дилу ҷон чунин ба қалам додааст: “Ҳамон рӯз, яъне 7-уми марти соли 1981, соати 10-у 30 дақиқа, ман аввалин бор қадам дар замини Бадахшон мондам. Он замон ҳанӯз намедонистам, ки сароғоз аз ҳамин лаҳза, минбаъд тамоми ҳаёти ман бо мардум ва тақдири ин диёр пайванд хоҳад шуд. Ҳар як маҳал, кӯча, хиёбон ва кӯҳу дараи он, мисли деҳаи Ориён (зодгоҳи муаллиф дар ноҳияи Фархор - П. Д.) бароям қарин мегарданд ва Бадахшон ба бузургтарин хотироту қисмати ҳаётам мубаддал мешавад” («Ёддоштҳо», қисми 2, Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 23).
Саймумин Ятимов баъди чоряк аср, бо ҷузъиёт, бо зикри соату дақиқа, солу моҳ, айёму мавсим ба хоки поки Бадахшон омаданашро хотиррасон карда, онро сароғози зиндагонии худ мешуморад. Аз кӯчаву хиёбон, пайраҳаву кӯҳу камар, чашмасорону рӯдхонаҳо, одамони наҷибаш бо эҳсоси амиқи инсонӣ ва ифтихори баланд ҳарф мезанад ва эътироф мекунад, ки “Бадахшон ба бузургтарин хотироту қисмати ҳаётам мубаддал шудааст...”.
Муаллиф ба зиндагӣ бо чашми дил менигарад. Одамшинос аст. Худ, ки дар оилаи намунавӣ ба воя расидааст, дар мисоли зиндагии ибратомӯзи волидайнаш қадру қимати мардуми авомро гиромӣ медорад ва холисона менигорад: “Дар кӯтоҳтарин муддат эҳсос кардам, ки мардуми Бадахшон ҳамагӣ меҳмоннавоз, кушодачеҳра, бо нону намаканд. Ман дар дӯстию садоқат онҳоро аз ҳамдеҳагони ориёии худ камтар пайдо накардам. Баръакс, ягон хонаи бадахшонӣ сафили баланд ва дарвозаи барҳаво надошт. Хонаҳояшон мисли дилашон дар кафи даст.
Хушбахтона, дар солҳои оғози роҳи бузурги зиндагӣ дар тамоми Бадахшон касеро рӯ ба рӯ нашудам, ки мавқеъ ва андешаи таъмини амнияти давлатро зери суол бурда бошад”.
Мавсуф, ки худ дили дарё дорад, меҳмоннавозию эҳтиром, кушодарӯиву садоқатмандию поквиҷдонии мардумро борҳо эътироф кардааст. Муаллиф фаъолияти касбиашро дар Бадахшон “солҳои оғози роҳи бузурги зиндагӣ номидааст”. Шахсан, ман аз ин тарзи ифода як ҷаҳон маънӣ мебардорам:
“Дар давоми фаъолияти корӣ қариб бо тамоми сокинони минтақаҳои Бадахшон – Рӯшону Шуғнон, Хоруғу Роштқалъа, ки дар он ҷойҳо давра ба давра кор кардам, унс гирифта, бо бисёре аз онҳо эҳсоси дӯстию рафоқат ва бародарӣ пайдо кардам. Онҳо тамоми умр барои ман ҳамчунон азизу муътабар боқӣ мондаанд”. Ин суханони самимиро шахсе мегӯяд, ки як замон рутбаи лейтенанту капитан доштааст ва бо гузашти айём, бо заҳмату поквиҷдонӣ, талоши илму дониш, ахлоқу маърифати баланд, мустақилият, намакпазирӣ, садоқат ба миллату давлат, мансаби баландтарини ҳарбӣ ва рутбаи генерал – полковникро соҳиб гашта, ҳамоно табақаҳои гуногуни ҷомеа ва одамони одиро қадр мекунад ва ҳатто бо ифтихор нидо мекунад, ки “онҳо тамоми умр барои ман ҳамчунон азизу муътабар боқӣ мондаанд”.
Саймумин Ятимов ботинан кунҷков, ниҳоят ҷиддӣ, доништалаб, суҳбаторо, дар мавридҳои хос шӯхтабъ, барои дӯстон содиқ, нисбат ба хиёнаткорону ҷиноятпешаҳо беамон аст ва ин хислати ӯ аз назари хонандаи ҳақбин ва дақиқназар зимни мутолиаи “Ёддоштҳо” нодида намемонад. Чун, алъон, ҳадафи мо таҳлилу тафсили боби “Бадахшон” аст, ин нуктаро ба баъд ҳавола карда, хотираҳои ширину гуворо, ҳодисоти хушу нохуш, ёдномаҳои солҳои аввали фаъолияти адибро, ки ба ноҳияи Рӯшон рабт доранд, бо алоқамандон, мухлисон ва ҳаводорони маҳсули эҷоди ӯ қисмат мекунем.
Аз 5 соли фаъолияти Саймумин Ятимов дар ВМКБ, 4 солаш дар Рӯшон сипарӣ шудааст. Табиист, ки лаҳзаҳои хотирмону ҷолиб низ доир ба ин минтақа бештаранд. Албатта, мо наметавонем дар хусуси фаъолияти касбӣ – оперативии мавсуф баҳогузорӣ намоем, аммо мусаллам он аст, ки бо гузашти солҳои тулонӣ исми ин шахсияти маҳбуб ҳанӯз ҳам вирди забонҳо буда, бахусус, одамият, адолатпарастӣ, дилсӯзӣ, ғамшарикӣ, поквиҷдонӣ ва ғамхору ҳассос буданаш таъкид мешавад.
“Ёддоштҳо”-и С. Ятимов рӯйнависи қайдҳои хусусии дафтари хотира набуда, як асари пурарзиши бадеӣ мебошад, ки бо забони фасеҳ, образофарии ғайриқолабӣ, қиёфанигории ҷолиб, тасвирҳои дилчаспу гуворо, муболиғаҳои боваринок, ҷо-ҷо мутоиботу шӯхиҳои созанда бо сеҳри хома зинат дода шудаанд, ки банда дар ин хусус дар лаҳзаи муносиб ба таври муфассал ҳарф хоҳам зад.
Акнун дар бораи ёру дӯстон ва қиссаҳои ҷолиб. Ман зеҳн мондаам, ки доираи шиносу ёрони муаллиф табақаҳои гуногуни меҳнатиро ташкил медиҳад. Дар байнашон мурғбон, чӯпон, муҳандис, коргар, муаллим, духтур, устоҳои ҳамакора, мансабдорони воҳидҳои сохтори давлатӣ мавҷуд буда, баъзеашон бо номи аслӣ ва қисме, ба истилоҳ, чун прототип номбар шудаанд. Зарурати овардани ному насаби ҳамаи онҳо нест, аммо як нукта барои ман ва ҳамназаронам ҷолиб арзёбӣ мешавад, ки С. Ятимов нақши ҳар яки онҳоро дар такомулу шаклгирии зинаҳои зиндагии хеш мусбат қаламдод кардааст. Қимати нону намакашонро пос доштааст.
Исми мубораки онҳо аз хотираш набаромадааст. Баръакс, ҳоло низ ҳангоми сафарҳои хидматӣ ба Бадахшон, фурсат пайдо карда, аз аҳволашон воқиф мешавад, хабар мегирад ва тавре “қадри некӣ ба мӯ гуфтаанд”, эшонро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ менамояд. Ҳамин аст ҳадафи зиндагии инсонӣ!
Иззати инсон – шахс бояд дар ҷойи аввал бошад. Ин инсони комил аст, ки бо илму дониш, ахлоқу маърифат давлат месозад, миллат меофарад ва онро ободу созандаю худкифо мегардонад. Маҳз ҳамин нуктаҳо, мавқеи шахс, инсон, одам, манзалату мартабаи ӯ дар дигар асарҳои илмии олими сиёсатшинос, узви вобастаи АМИТ, профессор С. Ятимов ба таври муфассал – олимонаву орифона тафсир ёфтаанд.
Муаллиф дар “Ёддоштҳо”, баъди сипарӣ шудани солиёни зиёд, аз дӯстонаш – омӯзгор ва мудири мактаби деҳаи Шипад Душанбе Амрихудоев, омӯзгори ин муассиса Ҷорӯб Карамов, дӯсти наздикаш Мансурхон бо ҷузъиёту қаноатмандӣ ва миннатдории беқиёс ёд мекунад, ки лаззати нону намакашон ҳанӯз ҳам аз кому аз дилу дидааш нарафтааст. Магар чунин ёду посдорӣ дараҷаи олитарини замири инсонӣ нест!?
Месазад ин ҷо қиссаеро манзур намоям, ки аз ду дӯсти қарини давраи бачагӣ, яке, иттифоқан, соҳиби ҷоҳу мансаб сарвату давлат мешавад ва овозаи шукӯҳу шаҳоматаш доман паҳн мекунад. Табиист, ки дӯсти дигар низ аз ин навид воқиф мешавад ва бо шодмонӣ, самимияту эътимоди комил ба зиёрати дӯсташ меравад. Чун бо иҷозаи зина ба зинаи ходимон ба дафтари боҳашаматаш ворид шуда, салом медиҳад, дӯсти пешин ба ҷойи ҷавоби салом, бовиқор – “Кистӣ ва чӣ мақсад дорӣ, ки густохӣ карда, ба ҳуҷраи корам даромадӣ?” – гуфта, суол мекунад.
Воридшуда чун дар чеҳраи дӯсти дерина аломати такаббур, худписандӣ ва дар суханаш пичингу истеҳзоро эҳсос мекунад, посух медиҳад:
– Дӯсти азиз, шунидам, ки чашмонат кӯр, гӯшҳоят кар ва пойҳоят шал шудаанд. Сахт андуҳгин шуда, ба аёдатат омадам. Акнун дарёфтам, ки на танҳо дасту пою чашмонат, балки ақл, ҳуш ва дилат ҳам нуқс дидаанд. Ва меравад.
Хеле ҷолиб аст, ки дар “Ёддоштҳо” дар бораи 13 нафар разведкачии Иттиҳоди Шуравӣ – зодагони ноҳияи Рӯшон, баъди бардошта шудани муҳри “комилан махфӣ” маълумот дода шудааст. Онҳо аз тарафи идораи марбута дар ҳудуди Афғонистон ва Покистон супоришҳои махсусро иҷро карда, баҳри таъмини манфиатҳои Ватан ҳаёти худро зери хатар гузоштаву ҳатто ҷонашонро нисор намудаанд.
Хотиррасон кардани ин далели таърихӣ барои насли наврас намунаи ибрат аст. Ҷавонон бояд чашму ҳуш ва дӯстдори Ватани азиз бошанд. Ҳадафи асосии муаллиф низ аз он иборат аст, ки хурду калон дар руҳияи комилан покизаи миллӣ амал карда, бояд аз тоҷик буданашон ифтихор дошта бошанд ва дар роҳи таҳкими пояҳои давлату давлатдорӣ сидқан вафодорӣ нишон диҳанд.
Чун сухан аз садоқат ва вафодорӣ рафт, ба хонандагони закию ҳушманд тавсия медиҳам, ки дар “Ёддоштҳо” қиссаҳои шиносоӣ ва густариши дӯстиро бо бобои Душам (Душанбе Амрихудоев), усто Мансурхон Саидхонов, паҳлавон Девлох ва тақдири як духтари украинӣ, ки бо тафсилу тасвири баланди бадеӣ, самимона, дӯстона ва воқеӣ ба қалам дода шудаанд, бо диққати хос бихонанд, то ба асли мафҳуми дӯстию рафоқат, садоқату бародарӣ ва намакпазирӣ бирасанд.
Ин хислати ровии “Ёддоштҳо” дар дигар манотиқи Бадахшон низ, ҳангоми баъди Рӯшон дар Хоруғу Шуғнон ва Роштқалъа адои вазифа намудан ҳам, ҳифз гардида, хулосааш дар бораи ин сарзамини барояш азиз ба таври пешин, мутлақо мусбат боқӣ мондааст.
Ӯ менигорад: “Ба хулосае омадам , ки дар тамоми Бадахшон кор осон будааст. Мардум ҳамагӣ одианд. Бойигарӣ, дороӣ, хонаву дари бошукӯҳ надоранд. Аммо ҳушманд, тавонгар, заминӣ ва дар рафоқату садоқат яктоанд.
Ман дар деҳаҳои Роштқалъа, Тусён, Тавдем, Барҷангал, Занинс, Себзор, Ридоз ва Бадоз дӯстони нав пайдо кардам. Ҳамаи онҳо мушкилосонкунандагон будаанд.
Вақте ман ба сафарҳои хизматӣ мерафтам, якҷо нишаста, як пиёлагӣ чой менӯшидем. Дар хонаҳои онҳо нону намак мехӯрдем. Ман ҳам мисли рафиқони рӯшонӣ, бо маслиҳату бемаслиҳат дар ҷойи зисти доимӣ - шаҳри Хоруғ роҳи онҳоро мепоидам. Базӯру нозӯр ба хонаамон бурда, як пиёла чой мегирифтем, дӯстона суҳбату чойхӯрӣ мекардем” (Ҳамон ҷо, саҳ. 144).
Мақсад аз омадани мо талаби дидор аст,
Варна ин нону намак дар ҳама ҷо бисёр аст.
Боиси таассуф аст, ки бархе аз одамон, ба қавли устод Турсунзода “бо ду чашми худ дар ин олам, ҳар чи медидем, намедидем” амал карда, чашми хирад ва дили ҳамабин надоранд. Ба атроф бепарво менигаранд, аз назокату зебогии табиат бехабаранд. Шояд бовар нокарданист, аммо чун рӯзноманигор кунҷковӣ карда, аз чанд кас пурсидам, ки якчанд деҳаи ноҳияи Рӯшону Шуғнонро номбар кунанд. Дар маҷмуъ, пасопеш, ба ҷуз аз 5-6 адад, боқӣ ҳама деҳаҳоро фаромӯш кардаанд. Руҷӯи мо ба ин маънист, ки дар ”Ёддоштҳо”-и С. Ятимов на танҳо ҷуғрофияи маҳали хизматаш, балки ҳар резасангу чашмаву дарё, деҳоту кӯҳу камар, сафилаву дарвозаву дар, деворҳои сангину похсагию хиштӣ, хулоса, ҳар зарраи хоки Ватан, ки Бадахшон қисми аъзам, таркибӣ ва ҷудонашавандаи он аст, муқаддас арзёбӣ шудааст.
Дар ин росто, дар “Ёддошт”-ҳо (саҳ. 144-158) нақли муфассалу муассири сафари муаллиф ба деҳаи Синдев, зодгоҳи шоири тавонои миллати тоҷик Мирсаид Миршакар, бо тасвирҳои ҷолибу ҷаззоб оварда шудааст, ки хонандаро ба ваҷд меорад.
Чӣ чиз, кадом қувва ровии “Ёддоштҳо”-ро раҳнамун кардааст, ки дар фасли зимистон, ҳангоме дар водиҳои Бадахшон пиёдаву мошинсавор гаштан хеле душвору хатарнок аст, ба Синдеви аз хотираҳо фаромӯшшуда сафар намояд? Дар айни ҳол, дӯстам Саймумин амиқ дарк мекунад, ки сафари зимистонӣ ба тангнои дара осон нест, аниқтараш мушкил ва хатарзо аст, аммо ба қавли худи муаллиф: “Аҷаб сифату ҳангомаи роҳу худи Синдев ҳам одӣ наафтод. Лекин инсон иродаи амалӣ кардани мақсадро дошта бошад, анҷоми онро низ пайдо мекунад.
Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баид,
Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён ғам махӯр.
Аз лиҳози дигар, тарбияи мо чунин буд, ки:
Кори имрӯзаро ба фардо намон,
Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон.” (Ҳамон ҷо, саҳ. 146).
Хулоса, сафари Синдев ин аст, ки мусофир ба ҳазору як қисса, мушкилот, хатарҳо ва боварии том зодгоҳи устод Мирсаид Миршакарро зиёрат кард ва ман аминам, ки дар ин сафари душвор руҳи муқаддаси ин бузургвор барои имдоди сафаркарда омада буд.
Зикр кардем, ки “Ёддоштҳо” чун жанри адабӣ асари тарҷумаҳолӣ аст ва нақлу мавқеи муаллиф дар он дар сархати ҳар боб меистад. Ман ба матонату устуворӣ, эътимоду эътиқод, хушбиниву хушпазирӣ, тааммулу таҳаммул, дилбардорию тасаллодиҳӣ, кунҷкобию заррабинӣ ва дигар хислатҳои хоси муаллиф қоилам.
Вақте ки муаллифи “Ёддоштҳо” дар бобҳои ҷудогона аз Эрону Брюссел, Инглису Амрико, лаҳзаҳои рӯзгор дар дохили кишвар, дар мавзуҳои гуногун бо мароқ, бо завқи баланди бадеӣ, бо муҳаббат ҳарф мезанад, руҷуи муносиберо аз даврони бачагиаш ёдоварӣ мекунад:
“Вақте баҳорон бо модарам дар саҳро кор мекардем, алафҳо тару хунук бошанд ҳам, бояд онҳоро ҷамъ карда аз об таконида, дарза мебастем. Либосҳои ман барзиёд тар мешуданд. Пойафзолам дар лой мечаспид ва аз поям раҳо мешуд. Ман сахт хунук хӯрда будам. Асабонӣ мешудам. Модарам:
– Бачаам, зиндагӣ бо меҳнату заҳмат ширин мешавад. Одаме, ки меҳнат намекунад, аз эҳсоси роҳат дур аст. Борон мегузарад. Мо кулӯх нестем, ки об шавем. То хона он қадар роҳи дигар намондааст, – гуфта, маро дилбардорӣ мекард.”
Ана, ҳамин гуна панду андарзи хонаводагӣ ин ҷавонмарди рустоиро зина ба зина боло бурд ва соҳибэҳтиром намуд.
Саймумин Ятимов баъди 5 соли фаъолияти назаррасу қобили таваҷҷуҳ дар Бадахшон ба марказ гузаронда мешавад.
Бо вуҷуди он ки вазифааш дар муқоиса бо Раёсати КДАМ дар Бадахшон зинае поёнтар буд, онро аввалан, чун сарбози ҳақиқӣ бечунучаро қабул кард. Сониян, дар замири покаш заррае гарди малолӣ эҳсос намешуд. Фақат як эҳсоси амиқу гарме вуҷудашро фаро гирифта буд, ки он зоҳирану муваққатӣ Бадахшону одамони наҷиб, хусусан, дӯстони ҷониро падруд гуфтан буд.
Муаллифи асар ба таври фишурда охири боби “Бадахшон”-ро бо чунин иқтибос натиҷагирӣ менамояд:
“Ман мошинро дар ин тарафи дарё монда, саросема давида аз пул гузаштам. Ба хонаи дӯстам Абдулазиз расидам. Соҳибхона маро мисли доимӣ бо сидқу сафо пешвоз гирифта, ба манзилаш даъват кард. Ман:
– Акаи Абдулазиз! Нону намакатонро бубахшед! Хизмати ман дар Бадахшон ба охир расид. Мутаассифона, ман ин мулки зеборо падруд мегӯям. Омадам, ки бо Шумо хайру хуш кунам. Муваққатан, нишонии ман шаҳри Душанбе – паси “Главпочтамт”, ман бояд дигар дӯстонамро ҳам ба мисли Шумо хайру маъзур гӯям, – изҳор доштам бо сипос. ..
Хонаводаи Абдулазиз гӯё ягон хеши азизашонро ба аскарӣ гусел карданӣ бошанд, ҳамагӣ бо ман хайрухуш карданд...
Ман қариб ҳамаи дӯстону ошноҳои намакхӯдаамро дидам. Ба онҳо миннатдории худро баён ва гарм видоъ кардам...”
Ман ифтихор дорам, ки чунин дӯстони сода, содиқ, фарзона, олиҳиммат, ботаҳаммул, поквиҷдон, дилсӯз, олиму ориф, одамшинос, боилтифот, вафодор, дар роҳи хизмат ба халқу Ватан собиту росих дорам. Саймумин дар симои Абдулазизу ҳамсараш Гулсара, бобои Душанбеву акои Мансурхон, дӯстонаш Айнуллову Ҳусейнзода ва даҳҳо шахсиятҳои барояш азиз, дар назди хоки поки Бадахшони Тоҷикистон сари таъзим фуруд меорад ва нишонаи олии одамгарӣ низ ҳамин аст!
P.S. Тасмим гирифтам, ки дар бораи хотироти сабақомӯзи ин марди асил, ки мағзи устухонаш дар эъмори бунёди давлати комилан соҳибихтиёру дунявӣ дар ҳошияи роҳнамоӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахту устувор гаштааст, тибқи бобҳои дигари “Ёддоштҳо” барои хонандагон андешаҳоямро баён намоям.
Албатта, ҷолиб аст, вақте ки сабабҳои сар задани ҳодисаву воқеаҳо, муноқишаву даргириҳо, задухӯрдҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, оғозу анҷоми музокироту муросову мадоро бо мухолифин, маҳкумшавии муллоҳои хурофотӣ, безарар гардонидани ҷиноятпешаҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар, хизмати софдилонаи Саймумин Ятимов дар Белгия, Эрон, Иттиҳоди Аврупо, ЮНЕСКО аз номи шахси якум, яъне муаллифи “Ёддоштҳо” нақл карда мешавад. Аз ин рӯ, пайгири ин мавзуъҳои ҷолибу судманд хоҳем буд.
Пайшанбе ДАВЛАТОВ,
рӯзноманигор, сокини ноҳияи Рӯшон