ПАЁМИ ПЕШВО
Бо каломи Сарвари боэҳтиром,
Менавозад тинати моро Паём.
Мояи яксолаи таърихи мо,
Ғояи як соли кори бонизом.
Ҳар Паём ин пешниҳоди зиндагист,
Даъвате бар иттиҳоди зиндагист.
Ҳар Паём ояндабахши асли кор,
Як қадам сӯи муроди зиндагист.
Ҳар Паём ин даъвате бар давлат аст.
Даъвате сӯи баҳори миллат аст.
Мебарад он Тоҷикистонро ба пеш,
Даъвате сӯи барори меҳнат аст.
Ҳар Паём аст ин каломи Пешво,
Тоҷикистонро саломи Пешво.
Нақшабандии мароми Пешво,
Мефизояд эҳтироми Пешво.
Нозир ЁДГОРӢ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон