ТАНӮРАИ ФИРДАВСӢ ДАР САЙЁРАИ УТОРИД
Имсол, ки дар кишвари мо бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад ва ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ китоби дуҷилдаи “Шоҳнома” туҳфа шуда истодааст, мехоҳам як далели ҷолибро дар бораи танӯраи Фирдавсӣ дар сайёраи Уторид пешкаши хонанда намоям. Ин паёми хуш дар фазои иттилои тоҷикӣ бо забони мо бори аввал нашр мегардад.
Уторид (баъзан бо иштибоҳ Аторуд меноманд), ки дар таъриху адабиёти мо бо номи Тир ё Дабири фалак машҳур аст, сайёраи наздиктарин ба Офтоб буда, дар атрофи Офтоб дар 88 шабонарӯз як маротиба давр мезанад.
Номгузории ҷирмҳои кайҳонӣ ва объектҳои сатҳи сайёраву моҳвораҳо бахше аз сиёсати умумии номгузории Иттиҳоди байналмилалии астрономон (IAU) мебошад. Дар соли 1970-ум IAU низомҳои қатъӣ таҳия кард, то номҳои ҷуғрофии нав на танҳо ба осонӣ талаффуз шаванд, балки нодир ҳам бошанд. Муҳимтар аз ҳама, номҳо аз шахсиятҳои фарҳангӣ илҳом гирифта бошад. Дар аввал, IAU тасмим дошт объектҳои сатҳи Уторидро ба номи парандагон ё шаҳрҳо номгузорӣ кунад, аммо тавсияи ситорашиноси машҳури амрикоӣ Карл Саган дар соли 1975 боис шуд, ки рӯйхат ба шоирон ва нависандагон иваз шавад; минбаъд ба рӯйхат номи мусиқишиносон, рассомон ва дигар ҳунармандон илова гардид. Илова ба ин, шахсе, ки ба шарафи ӯ ном дода мешавад, бояд ҳадди ақал тайи 50 сол машҳур ва беш аз се сол пеш аз номгузорӣ аз дунё даргузашта бошад, инчунин номи вай набояд бо сиёсат, ҷанг ё дин иртибот дошта бошад.
Ҳамаи ин қоидаҳо ба ҳадафи таҷассуми мероси фарҳангии инсон дар осмон хидмат мекунанд ва боиси он шудаанд, ки дар рӯйи ин сайёраи хурд танӯраҳои зиёде ба шарафи шоирони форсу тоҷик низ номгузорӣ шаванд.
ТАНӮРАИ ФИРДАВСӢ
Танӯраи Фирдавсӣ дар квадранти Дерен, дар 4.62° арзи Шимолӣ ва 295.83° тули ғарбӣ ҷойгир буда, қутри он 98 км аст ва 3-юми марти соли 2010 ин ном расман тасдиқ шуд. Номи танӯра ба шарафи ҳаким Фирдавсӣ, муаллифи «Шоҳнома», гузошта шудааст. Номгузории ин танӯра ва, умуман, объектҳои квадранти Дерен баъди он имконпазир гашт, ки пойгоҳи худкори байнисайёравии амрикоии «Мессенҷер» (MErcury Surface, Space ENvironment, GEochemistry and Ranging — MESSENGER) аз 18-уми марти соли 2011 то 30-юми апрели соли 2015 сатҳи Уторидро омӯхта, 277 ҳазор акс гирифт. Аз ҷумла, 14-уми августи соли 2011 акси рангаи танӯраи мазкур низ гирифта шуд. 27-уми августи соли 2012 дастгоҳҳои аксбардории «Мессенҷер» танӯраи Фирдавсиро ба таври амиқ ва бо саҳеҳияти баланд акс бардошт, ки дар тасвир ҳар як пиксел 200 метрро фаро мегирифт.
Танӯраи Фирдавсӣ дар наздикии хатти истивои Уторид қарор дошта, танӯрае ба ҳисоб меравад, ки умқи он ҳамвор аст. Олимон ҳадс мезананд, ки шояд ин танӯра бо моддаи вулқоние, ки партофта шуда буд, аз нав пур шудааст. Дар дохил ва атрофи танӯра танӯраҳои зиёди хурд ҷойгиранд, ки дертар пайдо шудаанд.
Як чизи ҷолиб он аст, ки ба фарқ аз дигар шоирону бузургон, дар сомонаи расмии Иттиҳоди байналмилалии астрономон Фирдавсӣ ҳамчун шоири тоҷик ва форс нишон дода шудааст. Ишораи номвожаи “тоҷик” дар он хеле хушоянд аст.
ТАНӮРАҲОИ БУЗУРГОНИ ДИГАРИ ФОРСУ ТОҶИК ДАР УТОРИД
Ба ҷуз аз Фирдавсӣ дар сатҳи Уторид ба хотири Рӯдакӣ, Румӣ (Балхӣ), Саноӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Низомӣ, Маҳастии Ганҷавӣ ва Навоӣ ҳамчун шоири форсигӯ танӯраҳо номгузорӣ шудаанд, ки дар бораи онҳо дар оянда мақолаҳои алоҳида навишта дар расонаҳо нашр хоҳам кард.
Худи Фирдавсии бузург гуфта буд:
Пай афкандам аз назм кохи баланд
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам
Ки тухми суханро парокандаам!
Таърих нишон дод, ки номи Фирдавсӣ на танҳо дар рӯйи Замину дар қалби миллионҳо ошиқони таъриху адабиёт зинда монд, балки дар кайҳони беканор низ маъво гирифт. Мо ворисони ин абармарди таърих бояд номи ӯро гиромӣ дорем, осорашро хонем ва бо талоши рӯзафзун панду роҳнамоиҳояшро дар зиндагӣ амалӣ намоем.
Ризои БАҲРОМЗОД,