Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ҳасан Муҷиб ал-Ҳувайзӣ мулоқот кард.
Ба иттилои Маҷлиси намояндагон, Файзалӣ Идизода изҳор дошт, ки Арабистони Саудӣ яке аз нахустин давлатҳоест, ки истиқлоли давлатии Тоҷикистонро расман эътироф карда, робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратию фарҳангиро ба роҳ монд. Зикр шуд, ки ба имзо расидани Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба таъсиси Шурои муштараки соҳибкорони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон қадами устувор дар самти рушди тиҷорати Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Масъули гӯша: Умаралӣ САФАРАЛӢ