Баргашт Чоп кардан

Намоиши «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт»

Намоиши «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт»

Вазорати нақлиёт намоиши «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт»-ро ташкил намуд. Намоишгоҳ аввалин маротиба муҳандисони ҷавонеро, ки аксарияташон хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, литсейҳо, гимназияҳо ва корхонаҳои мошинсозӣ мебошанд, ҷамъ овард.

Ин тадбир бо мақсади амалӣ кардани Барномаи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) ва Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) ба роҳ монда шуд.

Масъули гӯша: Умаралӣ САФАРАЛӢ