Ҳамоиши ҳизбӣ
Дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳти унвони «Соли 2026 – Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», ҳамоиш баргузор шуд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки ин сол масъулияти на фақат аъзо ва ҷонибдорони Ҳизб, балки ҳар сокини мамлакатро дар татбиқи ҳадафҳои созанда дучанд мегардонад. Таъкид шуд, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободкорию созандагӣ буда, маҳз бо меҳнати шабонарӯзӣ ва ташаббусҳои ин фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистон ободу зебо шуда, сатҳи зиндагии мардум рӯз ба рӯз беҳтар мегардад.
Бо назардошти Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон шудани соли 2026 ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди ташкилоти ҳизбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Масъули гӯша: Умаралӣ САФАРАЛӢ