ВМКБ
Авлавият ба истеҳсоли асали аълосифат
Солҳои охир занбӯриасалпарварӣ дар кишвар хеле ривоҷ ёфтааст. Ба ин раванд, махсусан қабули Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 таъсири амиқ гузошт. Дар ин самт вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чӣ хел арзёбӣ мешавад? Дар ин бобат хабарнигорамон бо Раҷаббек Ҷомизода, сардори раёсати кишоварзии вилоят, ҳамсуҳбат гардид.
Тавре Ҷомизода Раҷаббек зикр кард, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо табиати нотакрору мавқеи ҷуғрофии худ яке аз минтақаҳои беназири кишвар ба ҳисоб рафта, барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ имкониятҳои бузург дорад. Табиат ва боду ҳавои вилоят бо гулу гиёҳҳои зиёди шифобахши худ барои парвариши занбӯри асал ва коркарди асали ватанӣ мувофиқ мебошад. Асал, гард, муми хона ва заҳри занбӯри асал маҳсулоти сирф табиӣ буда, аз шаҳд ва шарбати гулҳо тавассути коркарди занбӯрҳо ба вуҷуд меоянд ва дорои витаминҳо, моддаҳои минералӣ ва антиоксидантҳо мебошанд, ки барои қувватбахшӣ, мустаҳкам кардани масунияти бадан, пешгирии бемориҳои шуш, муолиҷаи зукому роҳҳои нафас ва беҳтар гардондани кори меъдаю дил нақши муҳим доранд. Асали Помир имрӯз ҳамчун маҳсулоти серғизо ва табобатӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар мавқеи устувор пайдо намуда, бо ҳамин унвон байни харидорон хеле маъруфият пайдо намудааст.
Бо мақсади муаррифии бештари асали Помир, ҳамчун бренди минтақавӣ, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар корхонаи «Хушкор» бо номи «Асали Помир» қолаби махсус фармоиш шуда, зарфи шишагии бо тарҳи муосир ва ҷолиб омодагардидаи он симои хоси асали кӯҳистонро таҷассум менамояд. Истифодаи чунин зарфҳо ба баланд бардоштани сифати пешниҳоди маҳсулот, ҷалби харидорон ва рақобатпазирии асал дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамояд. Тавассути намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо ва чорабиниҳои соҳавӣ сифат ва хусусиятҳои асали Помир ба истеъмолкунандагон муаррифӣ карда мешавад. Бо мақсади рушди соҳа дар вилоят Ассотсиатсияи занбӯриасалпарварон ташкил шудааст, ки он 104 нафар узв дошта, занбӯриасалпарварони фаъоли ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Рӯшон ва Шуғнонро муттаҳид мекунад. Фаъолияти дастаҷамъӣ ба он мусоидат менамояд, ки маҳсулоти тозаи истеҳсолшуда сари вақт ва шаффоф аз ташхис гузарад, маҳсулоти маҳаллӣ бо тамғаи ягона ба бозор бароварда шавад.
Ба гуфтаи Раҷаббек Ҷомизода, занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз дар асоси барномаҳои давлатӣ ва дастгирии соҳибкорон рӯ ба афзоиш дорад. Маҳз таваҷҷуҳи давлат ба рушди соҳа ва истеҳсолоти маҳсулоти экологӣ боис гардид, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал зиёд шуда, корхонаҳои коркард ва бандубасти асал ба фаъолият оғоз намоянд. Ба ҳолати моҳи ноябри соли 2025 дар вилоят шумораи оилаи занбӯри асал ба 10460 ва истеҳсоли асал ба 68,1 тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1634 оилаи занбӯр ва 4,7 тонна асал зиёд мебошад. Дар доираи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 соли 2025 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занбӯриасалпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят 300 оилаи нави занбӯри асал ва асбобҳои соҳавӣ кумак карда шуд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли асал минбаъд боз ҳам зиёд гардида, шароити кори занбӯриасалпарварон низ беҳтар шавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”