Баргашт Чоп кардан

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон озод намудани Мирзозода Н. А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Мирзозода Нурулло Абдулҳай бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 7 январи соли 2026, №1109