15 май суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслаҳати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов доир гардид.
Дар рафти суҳбат маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо зимни суҳбати телефонӣ масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олии минтақавӣ, аз ҷумла саммитҳои вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, муҳокима карданд.
Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ сурат гирифт.