ПАЁМ ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Шинохти миллат ва эътирофу эътимоди он ҳамчун этнос аз сатҳи муаррифии таъриху тамаддуни аҷдодиаш маншаъ мегирад. Акнун дар замони гуфтугӯ ва бархӯрди тамаддунҳо ҳамон миллате ҷойгоҳашро устувору давлатдориашро таҳким мебахшад, ки худ арҷгузор ба таъриху тамаддунаш бошад. Имрӯз ба таври ошкоро аз худ кардани арзишҳои таърихии халқҳои алоҳида ба таври барҷаста ба назар мерасад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзе халқҳо кӯшиши аз худ кардан ва ё ба қавле рабудани беҳтарин арзишҳои маданияти моддӣ ва маънавии тоҷиконро доранд. Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки мо, қишри зиёии ҷомеа, ин арзишҳоро ҳифз намуда, барои ба таври шоиста муаррифӣ намудани онҳо ба ҷаҳониён ва таҳкими асолати миллии насли наврас талош намоем.
Бояд гуфт, ки дар замони истиқлоли давлатӣ аз ҳама беҳтару хубтар дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд. Сарвари давлати мо ҳамчун сиёсатмадори дурандешу хирадманд ва арҷгузор ба арзишҳои таърихии миллат тавонистанд дар муддати кӯтоҳ чораҳо ва тадбирҳои зиёду мондагореро дар амал татбиқ намоянд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16-уми декабри соли 2025 дар радифи инъикоси дастовардҳо, бори дигар шаҳодат аз кӯшишҳо барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихи ниёгони тоҷикон медиҳад. Дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон масъалаҳои марбут ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, махсусан шинохти таърихи миллат ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани он ба насли наврасу ҷавон ва ҷаҳониён қарор гирифтааст.
Дар Паём Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд: «… бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад».
Дар ин робита, таъкид гардид, ки соли 2025 бо саъю талошҳои ҷумҳурии мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Сарвари давлат дастур доданд, ки бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг барои ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Яке аз нуктаҳои меҳварии масъалаи муаррифӣ ва шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз мебошад. Дар робита ба ин Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор карда шуданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи ин марказҳоро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар маркази Тоҷикистон – шаҳри Душанбе рамзӣ буда, гувоҳи меросбари асили тамаддуни ориёӣ маҳсуб ёфтани мо, тоҷикон, мебошад. Ташкили марказҳо имкон медиҳад, ки бори дигар ва ба таври шоиста миллати тоҷик ҳамчун меросбари ягонаи тамаддуни ориёӣ дар минтақа муаррифӣ шавад. Ин ташаббуси Пешвои арҷгузори миллати тоҷик имкон медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳтарин садди роҳи аз худ намудани арзишҳои тамаддуни ниёгонамон аз ҷониби бегонагон шавем. Тавассути ташкили ин марказҳо мо беҳтарин арзишҳо, суннатҳо ва чеҳраҳои мондагори худро, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамто надоранд, ҳифз менамоем. Ин марказҳо як навъ муҳаққиқону донишмандонро барои ба таври бисёр шоиста анҷом додани пажӯҳишҳо дар самти таҳқиқи таърихи тамаддуни ниёгон ва муаррифии он муттаҳид менамояд. Махсусан, муҳаққиқону донишмандони Академияи миллии илмҳоро зарур аст, ки дар робита ба ин дастури Пешвои миллат дар заминаи пажӯҳишҳои илмӣ асарҳои бунёдӣ таълиф намоянд, то махзани ин марказҳоро боз ҳам ғанӣ гардонанд.
Бояд таъкид ва хотирнишон сохт, ки то ин давра барои шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асарҳои гаронқимат таълиф гардиданд. Махсусан, осори бунёдие монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» навишта шуданд, ки масъалаҳои меҳварии таърихи тамаддуни ориёӣ дар онҳо баррасӣ мешаванд.
Президенти мамлакат бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти таъсири таърихи аҳди бостон ва асрҳои миёна дар сарнавишти ниёкони мо ба омӯзишу баррасии ин марҳалаи таърихӣ рӯ оварданд. Махсусан, баррасии масоили таърихи ақвоми ориёӣ дар Осиёи Марказӣ, монанди хостгоҳ, асли баромад ва таркиби этникӣ, муҳоҷирати ориёиҳо, шуғл, ҳудуди сукунат, меросбарони ориёиҳо, умумият ва тафовути зисти қавмҳои ориёӣ бар асоси таҳқиқоти бостоншиносӣ, мадорики забоншиносӣ, ҳамчунин, ҷойгоҳи ориёиҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ, таҳлилу баррасии эътиқод ва оинҳои динии ориёиҳо ба монандӣ меҳрпарастӣ ва зурвония, таъсири ин афкор дар дигар минтақаҳо, муштаракоти адёни бостонии ориёиҳо бо мардумони ҳамсоя, таъсири дину оини ориёиҳо бар афкори дигар ақвом.
Таҳқиқу баррасии масъалаи давлатдории сулолаҳои ориёӣ дар мисоли Ҳахоманишиён, Порт ва Кӯшониён. Дар осори Пешвои миллат раванди зуҳур ва таҳкими оини давлатдории ориёиҳои ғарбӣ ва шарқӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Пешвои миллат дар радифи дигар марҳалаҳои давлатдории ниёкони тоҷикон доир ба се империяи ҷаҳонии ориёиҳо – Ҳахоманишиён, Порт ва Кӯшониён бо таваҷҷуҳ ба мавқеъ ва нақши онҳо дар тамаддуни башарӣ андешаҳои худро баён намудаанд. Маҳз дар замони вуҷуди ин се империя фарҳанги тамаддунофари ниёкони мо аз лиҳози таъсир бар расму оини дигар ақвом шуҳрат ёфт.
Таҳлилу баррасии нақши давлатҳои Сосониёну Ҳайтолиён дар таърихи тоҷикон ва тамаддуни башарӣ. Пешвои миллат дар асоси манобеи таърихӣ доир ба шаҷараи Сосониёну Ҳайтолиён, мансубияти онҳо ба ориёиҳо, низоми давлатдорӣ, фарҳангу тамаддун, ҳудуди ҷуғрофӣ, сиёсати хориҷӣ маълумоти арзишманд пешниҳод намудаанд. Махсусан, масъалаи асли баромади Ҳайтолиён, ки хеле вақт боз баҳснок аст, дар осори ӯ шарҳу тавзеҳ ёфтааст.
Инъикосу баррасии баъзе вижагиҳои масъалаи истилои араб дар сарзаминҳои тоҷикнишин ва раванди паҳншавии дини ислом дар ин манотиқ. Маълум аст, ки яке аз марҳалаҳои сарнавиштсози таърихи ниёкони тоҷик ба давраи истилои забткоронаи араб ва паҳншавии дини ислом рост меояд. Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои сиёсати забткоронаи арабҳо ва паҳншавии ислом дар сарзаминҳои паҳновари Хуросону Мовароуннаҳр пайомади онро дар шароити зуҳури ҳаракатҳои озодихоҳона дар минтақа барои мардуми мо хеле барҷаста арзёбӣ менамоянд.
Таҳлилу баррасии густариши тамаддуни ислом дар Хуросону Мовароуннаҳр ва эҳёи рукнҳои фарҳанги миллӣ. Муаллиф таъсири неҳзатҳои фикрии ниёкони тоҷикро дар қиболи сиёсати золимонаи аксар хулафои араб ба риштаи пажӯҳиш кашидаанд. Махсусан, нақши ҳаракати шуубия ва ҷонибдорони он дар эҳёи арзишҳои фарҳангӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба таври возеҳ баррасӣ мешавад. Маҳз шуубиҳо буданд, ки афзалияти арзишҳои илму адаби аҳли Аҷамро дар муқобили сиёсати авомфиребонаи аъроб ошкор сохтанд. Онҳо собит карданд, ки дар густариши фарҳангу тамаддуни исломӣ саҳми ниёкони тоҷикон хеле боризу мондагор аст. Дар радифи ҳаракати озодихоҳона, шуубиҳо тавонистанд ба истиқлоли фикрии ниёкони мо замина гузоранд. Ҳамчунин, дар осори мазкур нақш ва корномаи хонадонҳои маҳаллии Хуросону Мовароуннаҳр, монанди Бармакиён, Саҳлиён ва Ковусиён дар пешрафти ҳаракати истиқлолхоҳии ниёкони мо инъикос гардидаанд.
Ҷойгоҳи таърихи давлатдории Тоҳириёну Саффориён дар осори Пешвои миллат таҳлилу баррасӣ шудааст. Бо чанд нукта собит шудааст, ки маҳз ба василаи корномаи намояндагони сулолаҳои маҳаллии Хуросони Бузург, монанди Тоҳириёну Саффориён дар муқобили сиёсати халифаҳои аббосӣ барои ташаккули халқи тоҷик ва истиқлоли миллӣ замина фароҳам гардид. Агар Бармакиёну Саҳлиён дар масири истиқлоли фикрӣ гом бардоштанд, пас Тоҳир ибни Ҳусайн ва Яъқуб ибни Лайс барои татбиқи ин ҳадаф дар Хуросону Мовароуннаҳр қадамҳои устувор гузоштаанд.
Дар радифи таълифи осори таърихӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ ва дар ин замина, муаррифии тоҷикон ба унвони халқи тамаддунофар дар арсаи ҷаҳонӣ корҳои зиёд анҷом доданд. Махсусан, эълони Соли тамаддуни ориёӣ (2006), мавқеи ҷаҳонӣ касб кардани Наврӯз, эҳёи ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Тиргон ва Ҷашни 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм ва сабти он дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти 1310-солагии Абуҳанифа Имоми Аъзам ва ғайра аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи муаррифии таъриху тамаддуни мардуми тоҷик аст. Ҷашнҳои мазкур миллати тоҷикро бо дарки амиқи ҳақиқати гузашта, дар вазъияти таҳаввулоти ихтилофбарангези замон метавонад мардумро дар бистари худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳамбастагии миллӣ нигоҳ дорад.
Осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи консепсияи нави омӯзиши таърихи халқи тоҷик бо таваҷҷуҳ ба воқеияти замон рӯйи чоп омадааст, метавонад дар ин замина роҳнамо бошад. Қабл аз он ки ба сабку услуби омӯзиши масоили мубрами таърихи аҳди бостон ва асримиёнагии халқи тоҷик то замони Сомониён дар осори Пешвои миллат ошно шавем, моро зарур аст, ки консепсия ва методологияи таҳқиқотии олимони хориҷӣ ва ватаниро дар ин хусус таҳлилу баррасӣ намоем. Дар хусуси масоили мубрами таърихи халқи тоҷик – аз ташаккули ақвоми ориёӣ то Сомониён муҳаққиқони зиёди ватанию хориҷӣ бар асоси консепсияҳои мухталиф пажӯҳиши илмӣ анҷом додаанд. Аммо мусаллам аст, ки то пажӯҳиши ин олимон навиштаҷоти зиёди катибаҳо ва сиккаҳо ба унвони маъхази омӯзиши мавзуи таҳқиқотии мо барои аксар ношинос буданд. Хидмати муҳаққиқон дар он аст, ки дар натиҷаи пажӯҳишу омӯзиши чунин сарчашмаҳо масъалаҳои мухталифи таърихи аҳди бостон ва асрҳои миёнаи халқи тоҷикро рӯшан намудаанд.
Аз ин бармеояд, ки дар осори Пешвои миллат омӯзиши таърихи тамаддуни ориёӣ то рӯзгори Сомониён бар асоси консепсияи нав, яъне бо таваҷҷуҳ ба решаёбии манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги ниёкон роҳандозӣ шудааст. Албатта, ин консепсия аз доираи идеологияи табақотӣ берун рафта, ба шавоҳиди манобеи таърихӣ ва осори мустанади олимони дохилию хориҷӣ арҷ мегузорад. Дар осори Пешвои миллат бори аввал аз консепсияе истифода шуд, ки асоси онро методи муқоисавӣ ва таҳлилӣ ташкил медиҳад. Дар ин гуна осор ҳаводиси таърихӣ бо таваҷҷуҳ ба воқеияти дирӯзу имрӯз таҳлилу баррасӣ мешавад, ки дарки моҳияти он барои хонанда фаҳмо мебошад.
Мутахассисони соҳаро мебояд, ки пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати омӯзиши масъалаҳои мубрами таъриху тамаддуни аҷдоди тоҷикон ба инобат гирифта, дар рӯшан намудани ин марҳалаи сарнавиштсози таърихӣ таҳқиқоти ҷадидро роҳандозӣ намоянд. Махсусан, саҳифаҳои норӯшан ва баҳсангези таърихи аҳди бостон, ки марбут ба ақвоми ориёитабор мебошад, ҳалли масъалаҳоро боз ҳам печидатар сохтааст. Аз ин рӯ, дар замони муосир муҳаққиқонро мебояд, ки аз диду назари нави ба принсипҳои таҳқиқоти илмӣ ҷавобгӯ такя намуда, масъалаҳои марбутаро роҷеъ ба таъриху тамаддун ва давлатдории ориёиҳо на аз рӯйи ба инобат гирифтани бартариятҳои ирқӣ ва нажодӣ, балки аз рӯйи методҳои таҳқиқоти илмӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ карор диҳанд.
Муҳаққиқонро зарур аст, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи худшиносӣ ва худогоҳии миллии насли наврас дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат таҳқиқоти арзишманд анҷом дода, бо рӯшан намудани саҳифаҳои таърихии аҳди бостон пайвастагии ориёиҳоро бо тоҷикон нишон дода, ба ин васила, онҳоро дар руҳияи сабақгирӣ аз таъриху тамаддуни гузаштаи худ дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ҳидоят намоянд.
Бояд гуфт, ки дар шароити муосир ҷиҳати раҳоӣ аз гирдоби омилҳои манфӣ ва таҳкиму гиромидошти арзишҳои миллӣ коршиносон ба таъриху тамаддуни хеш рӯ овардаанд. Талошҳо ҷиҳати муайяну мушаххас намудани марзу буми мояи фарҳанги муосир, тақвияти шинохти решаҳои маданию фарҳангӣ ва касбии ҳувияти қавмию миллӣ як амали зарурӣ мебошад. Яке аз роҳҳои асосии шинохт ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба таъриху тамаддуни гузаштаи хеш ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён аст. Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёкон ба хотири муаррифии мақоми миллати хеш мебошад. Эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт яке аз омилҳои муҳими устувории миллат ба шумор мераванд.
Аз ҷониби дигар, Пешвои миллат дар шароити истиқлоли давлатӣ бори нахуст доир ба таърихи тамаддуни ниёкони тоҷикон – ориёиҳо осори бунёдӣ таълиф намуданд, ки баъдан муҳаққиқону муаррихони кишвар дар пайравӣ ба он ба пажӯҳиши масъалаҳои мубраму мухталифи таърихи аҳди бостон ва асрҳои миёнаи халқи тоҷик рӯ овардаанд. Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки дар шароити истиқлоли давлатӣ осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи хубе баҳри рушди илми таърихи ватанӣ гузошт.
Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе идомаи ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими эътимоду эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар мебошад.
Ин марказҳо саҳми тоҷиконро дар ташаккул ва рушди тамаддуни минтақаву ҷаҳон ба таври шоиста инъикос намуда, таваҷҷуҳи миллионҳо ҳаводорони таъриху тамаддуни моро ба худ ҷалб месозанд. Акнун моро зарур аст, ки барои дар амал татбиқ гаштани ин ташаббус неруи зеҳнии худро самаранок ва шоиста ба кор барем, то наслҳои ояндаи мо аз тоҷик будани худ шарафманду сарбаланд бошанд. Марказҳои мазкур, ҳамчунин, соҳаи сайёҳии кишварро рушд бахшида, имкон медиҳад, ки миллионҳо сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ворид шуда, дар радифи муаррифии таърихи миллат заминаи рушди устувори иқтисоди кишвар гузошта шавад.
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик