«БӮЙИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН»
Бузургдошти Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Эрон
Дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон, бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ ва «Бунёди Рӯдакӣ»-и Эрон маҳфили бузургдошти одамушшуаро Рӯдакӣ баргузор шуд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар додааст.
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо ишора ба мақоми устод Рӯдакӣ – “Падари шеъри форсӣ” – иброз дошт: “Устод Рӯдакӣ нахустин ва бузургтарин шоири порсигӯ буд, ки бо халлоқият ва нубуғи шоиронааш барои ташаккул ва равнақи шеъри форсӣ хизмати беназир кард. Ӯ иқтидори забони тоҷикӣ-форсӣ-дариро ба унвони забони шеър пас аз ду қарни тасаллути забони арабӣ дар паҳнои шеъру адаби Эронзамин ба таври комил ба намоиш гузошт”.
Таъкид шуд, ки Рӯдакӣ анвои гуногуни шеърӣ, ба мисли қасида, ғазал, қитъа, маснавӣ ва рубоиро дар беҳтарин ва расотарин шакл эҷод карда, низоми комили мавзуот, вазн, қофия ва саноеи бадеиро дар шеъри тоҷикӣ-форсӣ вазъ намудааст. Ба ин маънӣ, Рӯдакӣ шоири роҳкушое буд, ки пасовандон дар арсаи шеъру шоирӣ солики роҳи ҳамворкардаи ӯ шуданд ва давоми ҳазор соли баъдӣ суннатҳои пайрезинамудаи падари маънавии худро идома бахшиданд.
Низомиддин Зоҳидӣ Рӯдакӣ ва рӯдакишиносиро яке аз муҳимтарин меҳварҳои ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон номид ва пешниҳод кард, ки тавассути талошҳои муштараки донишмандони ду давлат девони ҷомеъ ва тасҳеҳёфтаи Рӯдакӣ ва китоби ашъори ҳамасрони ӯ бар мабнои нусхаҳои қадимии хаттӣ, бахусус нусхаҳои «Луғати фурс», ки аз аслитарин манобеи ашъори аҳди Оли Сомон аст, таҳия гардад.
Маҳмуд Шолуӣ, раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон зикр кард: “Қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ асри шукуфоӣ ва оғози ҳаракати бузурги шеъри форсизабон буд, шеъре, ки бо Рӯдакӣ оғоз шуда, бо Фирдавсӣ, Саноӣ, Аттор, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Низомӣ идома ёфт ва ба қуллаҳое расид, ки имрӯз ифтихори Эронзамин ва ҷаҳони адабу фарҳанг мебошад».
Ӯ изҳор дошт: «Рӯдакӣ пайванди амиқе байни дилҳо эҷод кард ва ҳамин пайванд имрӯз дар муносибатҳои самимии байни Эрон ва Тоҷикистон ба таври возеҳ дида мешавад”.
Дар идомаи маҳфил Муртазо Амирии Исфандақа, шоири барҷастаи Эрон, пас аз қироати шеъре дар васфи Тоҷикистон ва зикри таассуроти хеш аз сафараш ба диёри шеърпарвари Рӯдакӣ таъкид кард: «Тоҷикон эҳтироми амиқ ба шеъру шоирон доранд ва ин нишон медиҳад, ки Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон на танҳо номҳои таърихӣ ҳастанд, балки то ҳол дар зиндагии ҳаррӯзаи мардуми он сарзамин ҳузур доранд».
Ҳамчунин, донишманди маъруф, чеҳраи мондагори забон ва адаби форсӣ Алии Равоқӣ доир ба шеъру шоирии Рӯдакӣ дар заминаи китоби таҳиякардааш «Сурудаҳои Рӯдакӣ» изҳори андеша намуд.
Дар фарҷом аз ҷониби гурӯҳи ҳунармандони «Бунёди Рӯдакӣ» барномаи мусиқӣ дар заминаи ашъори устод Рӯдакӣ пешниҳод гардид.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”