Баргашт Чоп кардан

АЗ ЭЪЛОМИЯ ТО КОНСТИТУТСИЯ

АЗ ЭЪЛОМИЯ ТО КОНСТИТУТСИЯ

ё нақши Иҷлосияи таърихӣ дар шинохт ва эҳёи арзишҳои давлатдорӣ

Поёни қарни ХХ бо гузашти бештар аз ҳазору сад соли давлати Сомониён касби истиқлоли давлатӣ насиби миллати мо гашт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии олам чун кишвари мустақилу соҳибихтиёр муаррифӣ гардид. Вале ин неъмати бебаҳо бароямон чолишҳои зиёдеро ба бор овард, зеро дар қадамҳои аввалини истиқлоли давлатӣ душманони дохилӣ ва хориҷӣ барои аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун андохтани давлати тозаистиқлол ва адами ҳастии миллати тоҷик кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, ки дар натиҷа кишвари мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фурӯ рафт. 

фманди тоҷик, баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари нобудии давлати навини моро пешгирӣ кард.

Фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ, ки дар ин Иҷлосияи тақдирсоз ба симмати Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд, аз аввалин рӯзҳои роҳбариашон тамоми талошҳоро барои таъмини сулҳу саодат, оромиш, ваҳдати миллӣ равона карданд. Хушбахтона, дар кӯтоҳтарин фурсат сулҳи деринтизор ба даст омаду мардуми парешонгаштаи тоҷик аз марзҳои мухталиф, бавижа аз Афғонистон, ба Ватан баргаштанд. Харобаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар фурсати начандон тулонӣ бар пояи сиёсати дуруст ва фардоафрӯз бартараф ва татбиқи барномаҳои бузурги созанда роҳандозӣ гардиданд. Се ҳадафи аслӣ: расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ на танҳо дар Иҷлосияи наҷотбахши миллат қабул гардид, балки аз ҳамон рӯз новобаста ба мушкилоти авзои сиёсии кишвар мавриди амал қарор гирифт. Дар дарозои беш аз 30 сол тавассути раҳнамоиҳои хирадварзонаи Пешвои муаззами миллат барномаҳои стратегӣ амалӣ гардида, дар доираи амалкарди ин ҳадафҳо чандин барномаҳои хурду бузург, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардида, нақбу роҳҳои нав сохта ба истифода дода шуданд.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои нодири баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки чун яке аз нишонаҳои асосии давлат барои таҳкими истиқлоли миллӣ мусоидат кард. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат волоияти қонун дар ҷомеаи моро таъмин намуд, ки самари ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз аст.

Талошу пайкорҳои пурдоманаву пурвусъати Пешвои муаззами миллат барои шинохти мақоми сиёсиву маънавии Тоҷикистон дар саросари олам ва анҷумани кишварҳои ҷаҳон нақши пурфайз ва ботаъсир гузошт. Ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати мо дар соҳаи об, муқовимат бо ифротгароӣ, муаррифии арзишҳои миллӣ манзалати кишвари моро дар ақсои олам боз ҳам афзун гардонда, соҳибтамаддунии тоҷикон, соҳиби таърихи бузург ва арзишҳои нодири таърихӣ будани миллати моро собит намуданд.

Басо рамзист, ки дар Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон боз як ташаббуси навбатии Пешвои миллат – қатъномаи “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангҳо” қабул гардид. Амалишавии ин пешниҳоди шоиста дар ин рӯзи таърихӣ пайванди таърихии ин ду ҳуҷҷати беназири миллат – Конститутсияи Тоҷикистон ва Маншури Курушро шарҳу тафсир намуда, собит месозад, ки барномаҳои бузургу созандаи Пешвои миллат дар таъмини озодии халқҳо дар сартосари олам нақши муассир хоҳанд гузошт.

Ташаббусҳои созандаи ҷаҳонӣ дар баробари ифтихорофаринӣ ба тамоми мардуми тоҷик ва тоҷикони ҷаҳон масъулияти баландро муқаррар мекунад, то дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузурги оламшумули Пешвои миллат муттаҳид бошем ва барои мавриди амал қарор гирифтани маҷмуи ташаббусҳои ҷаҳонӣ ҳамаҷониба заҳмат ба харҷ диҳем.

Мирзотоҳир НАБИЗОДА,

ректори МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров"