САРНАВИШТИ БОНУВОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ
Паёми навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар нишон дод, ки масъалаи дастгирӣ ва тақвияти мақоми бонувон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ҳатто Сарвари давлат ба аҳамияти ахлоқу адаби занон дар ҷомеа махсус таваққуф намуданд ва таъкид карданд, ки бидуни хираду доноӣ, шарму ҳаё ва одоби ҳамидаи бонувон ҷамъият аз низом берун мешавад. Ба ин суханони масъулиятбахш таваҷҷуҳ фармоед: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”.
Дар шароити рушди босуръати ҷомеа, нақши зан дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар торафт устувор ва равшантар мегардад. Нуктаҳои дар Паём зикршуда барои бонувон ҳамчун неруи руҳбаландӣ ва ҳидоят ба фаъолияти боз ҳам фаъолтар хизмат менамоянд.
Истиқлоли давлатӣ барои бонувони тоҷик имконоти васеъ фароҳам овард. Дар ин давра шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва худшиносии занон муҳайё гардида, онҳо тавонистанд мавқеи худро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ устувор намоянд. Дастгирии пайвастаи давлат боис гардид, ки занон дар илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисод ва идоракунии давлатӣ фаъолона иштирок кунанд.
Дар паёмҳои ҳамасолаи роҳбари давлат ҳамеша ба саҳми арзишманди занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли солим таъкид мегардад. Занон на танҳо неруи пешбарандаи ҷомеа, балки поягузори маънавияти миллӣ ва омили асосии тарбияи фарзандони ватандӯст мебошанд.
Масъалаи беҳтаргардонии шароити кори духтарон, занон, ҳамчунин, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар даврони истиқлоли давлатӣ ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Имрӯз барои ба дараҷаи стандартҳои ҷаҳонӣ амалӣ намудани тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ва миллати Тоҷикистон ба бонувони боадабу бошараф, ҷисман солим, соҳиби эҳсоси баланди ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор ниёз дорад.
Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷомеа ва оила мебошад. Ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба таври зайл таъкид шуд: «Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», расму оинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ, саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”.
Бавижа, мо – омӯзгорон дар тарбияти духтарони замони нав сахт масъулем, зеро маҳз устоду мураббии қавӣ ва боирода метавонад фаҳмонад, ки арзишҳои аслии фарҳанги ин миллат кадомҳоянд ва фардоро дар такя бо кадом арзишҳо бояд сохт.
Бовар дорем, ки бо дарназардошти таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат занону духтарони ҷомеаи муосири кишвар дар пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли мо заминаи мусоид фароҳам меоранд ва дар баробари хатарҳои ҷаҳони нав, ифротгароӣ, мағзшӯйии фарзандони миллати мо бо сипари одоб, дониш, фаросат ва ҷаҳонбинии навин истодагарӣ мекунанд.
Матлуба ИЗЗАТОВА,
номзади илмҳои таърих, дотсент,
мудири кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии ДМТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи Исмоили Сомонӣ