Баргашт Чоп кардан

ПАЙВАНДИ ПАЁМ ба масъалаҳои худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ

ПАЙВАНДИ ПАЁМ

ба масъалаҳои худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ ва кулли мардуми кишвар ироа гардид, аз чанд ҷиҳат тоза ва дар айни замон омӯзандаву такондиҳанда буд. Аввалан, дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии дар чанд соли ахир ва аз ҷумла дар соли 2025 ноилгардида дар қиёс бо солҳои пешин таҳлилу арзёбӣ карда шуданд. Сониян, Паёми мазкур аҳамияти барномавии дурнамои тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои чандин соли ояндаро дорад. Яъне, Паёми мазкур стратегияи сиёсати дохилию хориҷии давлати мо ва инкишофи кишварро аз ҷиҳатҳои зикршуда пурра ифода мекунад. Солисан, дастуруламали давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро барои муддати наздиктарин нишон медиҳад. Ба қавли Пешвои миллат, рӯйдоди муҳими таърихӣ, ки дар соли 2025 ба вуқуъ пайваст, ин “ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад”.

Дар ин росто, ба назари мо масъалаи дигари меҳварӣ, ки дар Паёми навбатӣ садо дод, ҷалби таваҷҷуҳи кулли мардуми Ватани азизи мо барои шинохту дарки ҳувияти миллӣ, фарҳанги миллӣ, ҳофизаи таърихӣ ва соҳибӣ намудани мероси таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Мо дар ин навишта чанд мулоҳизаи худро дар партави суханронии Пешвои миллат иҷмолан баён карданӣ ҳастем.

Пешниҳоди Сарвари давлат дар мавриди дар пойтахти кишвар таъсис додани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз аз тарафи зиёиёни кишвар гарм истиқбол ёфт. Ба назари мо барои ташкил кардани чунин ниҳодҳои фарҳангӣ заминаҳои мусоид фароҳам омадаанд. Шукр мекунем, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳамаи қишрҳои ҷомеа аҳли савод ҳастанд. Ҳама хондану навиштан метавонанд. Яъне, дар мамлакат масъалаи бесаводӣ ба маънои оми он вуҷуд надорад. Омода кардани мутахассисони босалоҳияту кордон дар ҳамаи соҳаҳо дар ҳоли рушд аст. Миллати тоҷик, махсусан ҷавонон, барои донистани таърихи миллат ва фарҳанги бостонии хеш таваҷҷуҳи бештар доранд. Аммо, ба назари Роҳбари давлат, барои тақвият додани ин ҷанбаҳо боз ҳам бояд саъю талош намоем, зеро иҷрои ин амр хеле душвор, вале мубрам мебошад. Бино бар ин, ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон карда шавад. Бо назардошти ҳолоти мазкур таъсис додани конунҳои дар боло номбаршуда хеле саривақтӣ ва муфид арзёбӣ мегардад ва ходимони ояндаи онҳо метавонанд корҳои хеле бузургеро анҷом дода бошанд.

Тавре маълум аст, мардуми тоҷик, ки дар қаламрави васеи Осиёи Марказӣ аз замонҳои қадим сукунат доранд, дорои мероси гаронбаҳои маънавию фарҳангӣ мебошанд. Худи Пешвои миллат дар натиҷаи омӯзиши васеъ ва амиқи таърихи халқи мо ва фарҳанги миллии тоҷикон ба натиҷае расидаанд, ки фарҳанги мо таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Пас, минбаъд ҷанбаҳои гуногуни ҷашнҳои бостонии мо, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон ва ғайра боз ҳам амиқу ҳамаҷониба омӯхтаву таҳқиқ шаванд. Қадимтарин мероси фарҳангии мо Авасто мебошад. Авасто на танҳо китоби муқаддаси ниёкони мо буд, балки дар он урфу одатҳои қадимии мардуми мо, хоҷагидорӣ, тарзи тафаккур, маънавият ва умуман фалсафаи зиндагии инсонӣ инъикос гардидаанд. Дар замони густариши шоҳаншоҳии Сосониён дар пойтахти он шаҳри Тайсафун (Мадоин) илму фарҳангу ҳунар тараққӣ мекунад. Тарзи зиндагии шаҳрӣ инкишоф меёбад. Махсусан, шаҳри Гунди Шопур аз марказҳои илмии Шарқ ба шумор мерафт. Анвои гуногуни ҳунар, аз ҷумла рақсу суруду хунёгарӣ, бозиҳои шатранҷ, гӯю чавгон, аспдавонӣ, гӯштин ва ғайра пеш меравад. Парчами ин давлат дирафши ковиёнӣ буд. Шопури Якум дастур дода буд, ки китобҳои зиёди тибби юнонӣ ба забони паҳлавӣ тарҷума ва нигаҳдорӣ шаванд. Хусрави Анӯшервон дар ин шаҳр шифохонаи бузурге сохта буд.

Гуфтан барҷост, ки мардуми мо аз қадим тафаккури китобӣ доштаанд ва зиндагиашон аз рӯйи китоб буд. Онҳо аз замонҳои пеш бо китоб унсу улфати зиёд доштанд ва дар ҳаёташон китоб нақши муҳиму созандаеро касб менамуд. Китоб дар натиҷаи навиштан пайдо мешавад. Дар бораи ҳикмати навиштан Умари Хайём дар “Наврӯзнома” чунин гуфтааст: “Навиштан фазилати сахт бузург аст, ки ҳеҷ фазилате бад-он нарасад, зеро ки вай мардумро аз мардумӣ ба дараҷаи фариштагӣ расонад ва девро аз девӣ ба мардумӣ расонад”.

Ба ҳамин далел аст, ки дар гузашта ҳар амире, ҳокиме ё шахси бонуфузе саъй мекардааст, ки китобхона дошта бошад. Китобхона мисли шамшер нишони қудрат талаққӣ мешуд. Яъне, доштани китобхона дар гузашта хеле муҳим будааст. Амире ё подшоҳе кӯшиш мекард, ки дар дарбораш олимону адибони бисёр дошта бошад. Баҳсҳои илмӣ ва базмҳои шеъру суруд ташкил мекард ва дар чунин нишастҳо ҳамвора наздашон китоб будааст. Пас, барои ин қишри ҷомеа доштани китобхона модели зиндагӣ будааст. Ба ин васила, албатта, савод бештар паҳн мешуд. Амирон ва мансабдорони калони давлатӣ ва тоҷирони калон фаъолияти аҳли эҷод ва олимону мударрисонро дастгирӣ ва сарпарастӣ менамуданд.

Кори дигаре, ки иҷрояш муҳим аст, ошкор намудани марказҳои истеҳсоли китобҳои дастнавис дар асрҳои миёна ва мушаххасоти онҳо мебошад. Бояд мушаххас кард, ки чаро дар баъзе шаҳрҳо истеҳсоли китоб равнақ дошт, дар он марказҳо кадом котибҳо ва кадом муҷаллидону саҳҳофону тазҳибгарон кор мекарданд.

Ба назари мо вазифаи дигар ба чоп омода намудани феҳристи нусхаҳои хаттии форсии китобхонаи Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди раёсати АМИТ ва шуъбаи дастнависҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар шаҳрҳои марказии Осиёи Миёна ва нуқоти дигар деворнавиштаҳо, сангнавиштаҳои мазорҳои бузургони гузашта ва катибаҳои иморатҳои қадима ҳама асосан ба форсӣ ҳак ва китобат шудаанд. Омӯхтани онҳо низ дар тақвияти ҳувияти миллии мо хеле муҳиманд.

Барои дуруст сомон додани ин корҳо бояд дар кишвари мо минбаъд ба илмҳои палеография (деринанигорӣ), кодикология (нусхашиносӣ), сифрология (шинохти муҳри китобҳо), эпиграфика (хондани катибаҳо ва деворнавиштаҳо) ва таърихи забон аҳамияти махсус дода шавад. Ҳоло дар кишвари мо дар ин самтҳо мутахассиси коршинос вуҷуд надорад (дар соҳаи забонҳои қадима ба ҷуз Бобоназар Бобохонов). Агар мо дар ин самтҳо мутахассис надошта бошем, наметавонем таърихи пурифтихори маданияти моддию маънавиамонро дар сатҳи лозим дарк кунему ба миллати худ ва ҷаҳониён бишносонем.

Мушкилоти дигар ин аст, ки ҳатто роҳҳои ташхиси нусхаи асл ва қалбакӣ дар мо пурра маълум карда нашудаанд ё феҳристи одии нусхаҳои осори бузургтарин олимону адибони тоҷик, аз қабили Абуалӣ Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абунасри Форобӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Сайидои Насафӣ ва даҳҳои дигар, ки дар кадом китобхонаҳои дунё ва ба чӣ миқдор маҳфузанд, ба алоҳидагӣ сомон дода нашудааст. Ё чӣ котибоне ва дар куҷо нусхаҳои осори ин бузургони миллати моро истинсох кардаанд, ба таври комил шинохтаву муаррифӣ нашудаанд. То ҳол албоми анвои хатти хушнависону котибони тоҷик, ки дар хиттаи васеи форсизабонон кор мекарданд, ба вуҷуд оварда нашудааст.

Дар соҳаи пажӯҳиш ва шиносонидани фарҳанги моддӣ ва маънавии мо аз чоп баромадани энсиклопедияи сеҷилдаи адабиёт ва санъати тоҷик (1988, 1989, 2004) муваффақияти бузургест. Вале мо минбаъд донишномаҳои соҳавии таърихи ҳамаи риштаҳои гуногуни илму ҳунар ва касабакории халқамонро дар шаҳрҳои гуногуни тоҷикнишини минтақа ва ҷаҳон омӯхта ҷамъбаст намоем. Бад-ин васила маводи шайъӣ дар мавриди саҳми намояндагони халқи тоҷик дар инкишофи маданияти моддӣ ва маънавии инсоният ба вуҷуд меояд ва дар ин замина барои дақиқ намудани ҷанбаҳои назарӣ ва амалии тамаддуни миллии мо имкониятҳои васеъ ба вуҷуд меояд.

Бадриддин Мақсудзода,

профессор, устоди ДМТ