ХАДАМОТИ АЛОҚА
Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025
10-уми январ дар Хадамоти алоқа ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид.
Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамот иброз намуд, ки соли 2025 барои соҳаи алоқаи кишвар марҳалаи муҳим ва пурмасъулият буд ва ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои алоқа, густариши инфрасохтори рақамӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосир корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Масъули гӯша: Умаралӣ Сафаралӣ