ДАНҒАРА
Дар 44 гектар ниҳолҳои писта барқарор гардид
Бо мақсади иҷрои бандҳои Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026, кормандони Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара” ниҳолҳои хушкшудаи пистаро дар 44 гектар барқарор карданд. Дар ин хусус Агентии хоҷагии ҷангал хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди заминҳои хоҷагии ҷангал зиёда аз 81 ҳазор гектарро пистазор ташкил медиҳад.
Бо амалӣ гардидани Барнома бисёр мушкилоти соҳа ҳалли худро меёбанд, зеро ҷангал ба пешрафти мамлакат, таъмини бехатарии озуқаворӣ, кам кардани таъсири гармшавӣ, кам кардани газҳои гулхонаӣ, хуррамгардониву ободонии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат мекунад.
Масъули гӯша: Умаралӣ Сафаралӣ