ПАЁМ
Аз худогоҳию худшиносӣ то барномарезиҳои ҳувиятӣ
Дуруст аст, ки танҳо аз тариқи барномарезиҳои муассири сиёсӣ-мафкуравӣ, таълимӣ-тарбиявӣ, илмӣ-маданӣ метавон ба ҳадафҳои ниҳоӣ расид ва насли аз лиҳози ҳувиятӣ ояндадорро ба камол расонд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ низ ин масъалаи умда ва дар айни замон ҳассосро ба сифати мавзуи меҳварӣ матраҳ карда, ҳангоми баррасии масоили иҷтимоӣ, таҳлили вазъи маорифи ватанӣ, дастовардҳои соҳаи илму навоварӣ сухан ба миён оварданд. Мо баррасиҳои Сарвари давлатро дар бастагӣ бо низоми худшиносию ҳувиятсозии миллӣ ба чанд нуктаи мухтасар тақсимбандӣ карда, дар ин замина ба шарҳу тавзеҳи масъала мепардозем.
Якум. Худогоҳию худшиносӣ – хамирмояи ҳувияти миллӣ. Аввалтар аз ҳама, се мафҳуми зери назар – “худогоҳӣ”, “худшиносӣ” ва “ҳувияти миллӣ”-ро мухтасар баррасӣ ва пасон масъаларо дунбол мекунем. Худогоҳию худшиносӣ падидаҳои мукаммили якдигар ҳастанд ва дар якҷоягӣ ба дарки амиқтари фард аз худ мусоидат мекунанд.
Худогоҳӣ марҳалаи аввалия аст, ки маънои шинохту огоҳӣ аз афкор, эҳсосот, рафторҳо ва вижагиҳои худ ҳаст. Ба сухани равшантар, худогоҳӣ огоҳии инсон аз худ ба унвони як шахсияти дорои “ман”-и худ ва ҷойгоҳаш дар ҷаҳон аст. Дақиқтараш, худогоҳӣ тавоноии дарки афкор, эҳсосот, ангезаҳо, аъмол, ниёзҳо ва таҷрибаҳои худ, ҳамчунин, арзёбии интиқодии рафтори худ аст.
Худшиносӣ бошад, раванди нотакрори омӯзиши инсон аз худии худ, вежагиҳои равонию ҷисмӣ, сифатҳо, марому мақсадҳо, эҳсосот ва рафтору кирдори худ аст. Дар зимн, худшиносӣ ин шинохти худ ҳамчун шахсият, мушаххас карда тавонистани ҷиҳатҳои заъфу тавонманди худ, донистани иқтидору ҷойгоҳи инфиродӣ дар ҷаҳон мебошад, ки ба беҳтар дарк кардан, ҳадаф гузоштану инкишоф додани шахсият имкон медиҳад.
Ба дунболи ин, ҳувияти миллӣ, дар маҷмуъ, эҳсоси тааллуқи фард ба як давлат ва як миллат аст. Ба сухани равшантар, доштани як ҳисси муштарак ва ба як ваҳдати куллӣ расидану зоҳиру намуди худро дар суннатҳо, фарҳанг ва забони сиёсат нишон додан, ҳувияти миллист.
Дувум. Маорифи ватанӣ ва раванди худсозию ҳувиятшиносӣ. Тавре мусаллам аст, маориф соҳа ва самти калидии мафкурасозӣ ва мунтаҳо ҳувиятмадории миллӣ маҳсуб мешавад ва беҳуда нест, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паём аз 28-уми декабри соли 2024 омӯзгорро ба унвони шахсияти мафкурасоз ва самти маорифро самти мафкурасозӣ муаррифӣ карда, нақши маорифро дар болоравии сатҳи таҳаввулоту тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию мадании миллату давлат бузург нишон дода, натиҷаи ҷолибе ироа карда буданд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.
Дарвоқеъ, тамоми пешравию таҳаввулот ба кору умури муассири мактабу маориф бастагӣ дорад ва агар ин самти муҳими сиёсати давлатӣ дуруст фаъолият дошта бошад, тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисод мутаносибу мутавозин пеш мераванд. Ин аст, ки маориф дар саргаҳи сиёсати давлатӣ қарор мегирад ва Сарвари давлат ҳам ин нуктаро дар Паёми навбатӣ таъкид доштанд: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”.
Роҳбари давлат вазъи маорифи ватаниро дар бастагӣ бо тағйироту таҳаввулоти минтақавию ҷаҳонӣ арзёбӣ карда, дар заминаи санади меъёрии ҳуқуқӣ – Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 изҳори назар намуда, минҷумла ишора мефармоянд: ”Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад”.
Сеюм. Ташхиси раванди татбиқи низоми таҳсилоти кредитӣ ва бозшиносии мушкилоти соҳавӣ. Сарвари давлат дар Паём масъалаи низоми таҳсилоти кредитӣ ва вазъи татбиқи низоми имтиҳоноти тестиро ба баррасии ихтисосӣ гирифта, аз масъулин ва дастандаркорони соҳавӣ тақозо намуданд, ки бурду бохти низоми таҳсилотию имтиҳоноти тестиро дар имтидоди мушаххаси замонӣ дуруст натиҷагирӣ карда, дар ин замина ба Ҳукумати кишвар пешниҳодоти зарурӣ манзур созанд.
Роҳбари давлат шароити муосири бархӯрдҳои сиёсию тамаддуниро ба назар гирифта, маорифро ҳамчун ниҳоди асосии мафкурасозию ҳувиятмадорӣ муаррифӣ намуданд: “Вақти он расидааст, ки бурду бохти низоми зикршуда аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардида, зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд. Сохтору мақомоти зикргардида, аз ҷумла Маркази миллии тестӣ дар муддати ду моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба ин масъала маълумоти муфассал пешниҳод намоянд”.
Чаҳорум. Хотираи таърихӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ аз тариқи барномарезиҳои фарҳангӣ. Як бахши Паёми Сарвари давлат ба тақвияти хотираи таърихӣ ва ба истилоҳ, ҳофизаи ҷамъӣ ихтисос ёфтааст. Ҳофизаи ҷамъӣ (collective memory) ё хотираи таърихӣ (historical memory) бозтобу таҷаллии гузаштаи муштаракест, ки гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ё ҷомеаҳоро ба гунае ба ҳам пайванд дода, паҳнои густурдаеро фаро гирифта, метавонад шомили рӯйдодҳои таърихии дерпо ва дар айни замон гузаро ҳам бошад. Мунтаҳо, хотираи таърихӣ ва ё ҳофизаи ҷамъӣ боиси иттиҳоди миллӣ гардида, миллатро дар баробари таҳдиду хатароти мавҷудию эҳтимолӣ муқовим месозад.
Барои Роҳбари давлат болобарии худогоҳию худшиносӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои бостонӣ, тақвияти хотираи таърихӣ ва татбиқи пружаи ҳувиятсозии миллӣ аз ҷумлаи барномарезиҳои муҳими давлатӣ будаву ҳастанд. Ба ин манзур, дар Паём сареҳан таъкид мешавад: “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад. Мо ба ин масъалаи муҳим ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру азнавсозӣ кардем. Ҳамчунин, дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад”.
Панҷум. Зарфияти фикрию маданӣ ва қудратсозии миллӣ. Ба воситаи чораҷӯйиҳои ихтисосӣ боло бурдани сатҳи тавонмандиҳои фикрию илмӣ масъалаест, ки Сарвари давлат ҳамеша дар ин замина таъкид мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, тамаркуз ба арзишҳои қадимаи миллӣ ва ҳадафгирӣ дар заминаи бозсозии ҳувияти тоҷикӣ ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Шашум. Миллият ва тоҷикият – айнияти сиёсат. Паёми навбатӣ бо пешниҳоди ду андеша ва ба истилоҳ, ғояи бузурги миллӣ-ҳувиятӣ, ки сатҳи ифтихорофаринии миллиро боло мебарад, аз паёмҳои қаблӣ мутафовит аст. Ифтихорофаринӣ ба унвони мушаххаси зарурии сиёсати миллию илмию маданӣ пружаи калидӣ дар низоми таблиғотӣ маҳсуб мешавад. Махсусан, дар заминаи муаррифии шоиставу боистаи шахсиятҳои бузурги таърихию сиёсӣ, ҳамзамон, соҳибӣ карда тавонистани мероси арзишманди ниёкон раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат ибтикороти зарурие рӯйи даст гирифта, раванди мазкур ҳамчунон идома дорад.
Дар бештари мавридҳо, Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба масъалаи боло бардоштани сатҳи миллият-тоҷикият ва айнияти он бо фазои давлатсозию давлатдорӣ тамаркуз намуда, яке аз роҳҳои муассири тақвияти ҳувияти миллиро дар роҳандозии барномарезиҳои муназзами сиёсӣ-мафкуравӣ ва маданӣ-маърифатӣ арзёбӣ карда, дар ин замина пешниҳодоти зарурӣ ироа медоранд. Бавежа, таваҷҷуҳу тамаркузи Сарвари давлат ба ҳувияти Ориёӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ ба унвони пружаҳои муҳими ҳувиятсозӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ сазовори ҳамовозии ҳамагонист.
Ҳафтум. Ахлоқи миллӣ ва татбиқи фалсафаи амалӣ. Файласуф ва равоншиноси маъруфи ғарбӣ Карл Ясперс (1883-1969) гуфта буд, ки фалсафаи ҳар қавмеро роҳату осон метавон дар ахлоқи он қавм татбиқ кард. Муҳимтар аз ҳама, ахлоқ ба унвони фалсафаи амалӣ ё татбиқи ҳар қавму миллиятест. Ба ин маънӣ, фалсафаи мардуми тоҷик дар ахлоқи он ба таври равшан ифода ёфтааст. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат бо таваҷҷуҳ ба фалсафаи амалӣ - ахлоқи миллӣ сегонаи Зардуштиро ба сифати меъёри ахлоқию ҳувиятии аҷдодӣ талаққӣ намуда, аз кулли миллат тақозо карданд, ки бо такя ба арзишҳои побарҷойи миллӣ, ки собиқаи тулонии таърихӣ доранд, худро сохта, бар мабнои ифтихорофаринӣ ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипор шаванд. Ба ин маъно дар Паём тазаккур медиҳанд: “Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек”-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд”.
Ҳаштум. Бегонапарастию ҷаҳолатписандию хурофазадагӣ – бемориҳои музмини миллию башарӣ. Ба назари муҳаққиқону донишмандони муосири ҷаҳонӣ, ҷаҳолату нодонӣ, бегонапарастию хушкандешӣ ва таассубу хурофазадагӣ бемориҳои музмин (куҳнаву дерин)-и башарианд ва тули таърих ҳар қавму миллатеро аз по даровардаанд. Аз сӯйи дигар, нодида гирифтани қудрату тавоноии хурофоту таассубу ҷаҳолати ақидатӣ, ки ҷаҳонро дар як они воҳид баҳам мезанад, нодида гирифтани арзиши ҳаёту зиндагии миллату башарият аст.
Сарвари давлат дар масъалаи боло рафтани сатҳи бегонапарастӣ, ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ, решадор шудани хушкандешӣ дар муҳитҳои иҷтимоию фикрию мадании ҷумҳурӣ, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи калони сиёсию давлатдорӣ, хеле ҳассос ҳастанд. Дар кулли суханрониҳо ва аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ ин масъалаи ҳассосро дар бастагӣ бо нақши занону бонувон дар шаклгирии тафаккури ҷавонон ба риштаи таҳлили тахассусӣ баркашида, гӯшзад мекунанд: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”.
Нуҳум. Баёноти хулосавӣ бо такя ба вазъи геосиёсӣ. Дар бахши хулосавӣ ва ё хотимавии Паём ҳам Сарвари давлат чун анъана ба баёни вазъи куллии минтақавию ҷаҳонӣ пардохта, аз мақомоти давлатӣ, сохторҳои марбутаи расмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолони маданӣ ва дар маҷмуъ, ҷомеаи Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки вазъи мавҷудаи сиёсӣ-мафкуравӣ ва ташаннуҷи бархӯрдҳои тамаддуниро ба назар гирифта, ба таври дастҷамъона дар болоравии сатҳи худогоҳию худшиносӣ, тақвияти хотираи таърихӣ, ташаккули ҳувияти миллӣ ва устувории низоми давлатдории дунявӣ саҳми сазовор бигиранд. Муроҷиати Сарвари давлат дар бахши хотимавӣ ва ба истилоҳ, нуктаи эпилогии Паём хеле омӯзанда аст: “Дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад.
Пас, биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯйи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем. Бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем... Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!”.
Нозим НУРЗОДА,
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон