ПАЁМ «Ҷумҳурият»-ро ба иҷрои корҳои муҳим роҳнамоӣ мекунад
Дар иртибот ба ин масъалаҳо, бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муташаккилона ва муассиру натиҷабахш тарғибу ташвиқ намудани муҳтавои Паёми Пешвои миллат дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар Дастурамал барои ниҳодҳои кор бо ҷомеа ва гурӯҳҳои таблиғотӣ, аз ҷумла рӯзномаву маҷаллаҳо, таҳия намудааст ва ин иқдом ҳадафмандона ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ равона шуда, ҷомеаро ба корҳои мушаххас, натиҷаовар ва судманд сафарбар месозад.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар чор соли охир вобаста ба истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мақолаҳои зиёди таҳлилӣ ба нашр расондааст ва ин иқдоми эҷодиро дар остонаи ин санаи муҳими таърихӣ бештар аз ҳарвақта идома хоҳад дод. Воқеан, Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд қадам мегузорад, ҷомеа низ бояд ба марҳалаи нави худшиносӣ, худогоҳӣ, созандагию бунёдкорӣ ва масъулиятшиносии баланди шаҳрвандӣ ворид гашта, дар рушди иқтисодиёт, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ рисолат ва вазифаҳои худро аз рӯйи виҷдон ба иҷро расонад.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар мавзуъҳои сиёсати сулҳҷӯёна ва муколамаи созандаи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо ҳамаи давлатҳои дунё, аз ҷумла оид ба имзои шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадии ин кишварҳо, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба иқлиму пиряхҳо, муҳофизат ва тарғиби мероси таърихиву фарҳангии ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО воридгашта дар ҳар шумора мақола ва шумораҳои махсуси ранга ба нашр расондааст. Ин мавзуъҳо пайваста дар меҳвари амали нашрия қарор доранд.
Ҳамчунин, «Ҷумҳурият» тасмим гирифтааст дар соли ҷорӣ моҳияти дастуру супоришҳои дар Паём зикргардидаи Пешвои миллатро муттасил бо нашри мақолаҳо шарҳу тавзеҳ дода, пайғом бирасонад, ки рушди минбаъдаи кишвар аз фаъолияти ҳар нафар сокини мамлакат вобаста аст. Матлабҳои рӯзнома талқин месозанд, ки ҷавонон бояд саводи молиявии худро дар хусуси саҳмия, вомбарг, пасандоз, сармоягузорӣ, бозори сармоя, муомилот бо коғазҳои қиматбаҳои давлатӣ, соҳибкории истеҳсолӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ баланд бардоранд, истифодаи технологияи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, насби панелҳои офтобиро омӯзанд.
Рӯзнома пайваста бо нашри мақолаҳои таҳлилӣ талқин месозад, ки амнияти озуқавории кишвар аз истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию президентӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои бекорхобида вобаста аст. Кишоварзон бояд аз усулҳои пешқадами агротехникӣ, тухмиҳои хушсифат, таҷрибаи пешқадам, нуриҳои кимиёвию табиӣ, тарзҳои дурусти обёрӣ, ки олимони соҳа дар мақолаҳояшон зикр менамоянд, истифода баранд. Дар он сурат хоҷагиҳо метавонанд даромади солонаи худро биафзоянд. Дар ҳар мақолаи нашршуда «Ҷумҳурият» таъкид мекунад, ки рушди кишоварзӣ муносибати хосса мехоҳад.
Бояд гуфт, ки мавзуи маориф дар меҳвари фаъолияти эҷодии ходимони адабии рӯзнома қарор дорад, зеро Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид кардаанд, ки пешрафти давлат, ҷомеа аз сатҳи маориф вобаста аст. Дар матлабҳои рӯзнома ҳамеша ба он диққат дода мешавад, ки рушди босуръату самаровари соҳа танҳо дар сурате ба даст меояд, ки ба ғайр аз давлат ва Ҳукумат ҷомеа ва падару модарон, омӯзгорон вазифаи худро дар бунёди муассисаҳои томактабиву таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар тарбияи насли наврас иҷро намоянд.
Дар Паёми навбатӣ соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, ҷавонон баррасӣ гашта, муҳтарам Пешвои миллат рӯзноманигоронро вазифадор намудаанд, ки вобаста ба такмил ёфтани хидматрасонии тиббӣ, ҷорӣ гаштани технологияҳои муосири ташхису табобат мақолаҳо нашр карда, қоидаҳои тарзи ҳаёти солим,тозагии муҳити атроф, аҳамияти варзиш, истеъмоли ғизои парҳезӣ, маъракаҳои солимгардонӣ, рӯзҳои саломатӣ, эмгузаронӣ ва дигар ташаббусҳои соҳаро тарғибу ташвиқ намоянд.
Масъалаи шуғли аҳолӣ, ки дар меҳвари Паёми Пешвои миллат ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дорад, муттасил дар саҳифаҳои «Ҷумҳурият» бо нашри мақолаҳои коршиносон, мутахассисони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раёсату шуъбаҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ инъикос меёбад. Рӯзнома тасмим гирифтааст, ки дар саҳифаҳояш нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро дар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодии диёр ҳаматарафа тарғиб намояд ва дар таъсисёбии 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кор дар панҷ соли оянда саҳмгузор гардад.
Ҳамчунин, рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашри мақолаҳои пурмуҳтавои олимон, адибон ва журналистони варзида ҷавононро ба илмомӯзӣ, донишварӣ, фаъолияти эҷодӣ, хидмат ба Ватан ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, вафодорӣ, меҳандӯстӣ, омӯзиши таъриху фарҳанг, забон, анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ, касбу ҳунар раҳнамун намуда, дар ниҳоди онҳо ҳисси ифтихор аз Ватан, аз миллати тамаддунофар, аз Пешвои сулҳхоҳу адолатпеша мепарварад.
«Ҷумҳурият»