Баргашт Чоп кардан

Қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2026 – 2030

СУҒД

Қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2026 – 2030

Яке аз масъалаҳои асосии иҷлосияи чоруми маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум, баррасӣ ва қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2026 – 2030 маҳсуб меёфт, ки дар атрофи он мулоҳизаю пешниҳодҳои зиёд ба амал омаданд. Аз рӯйи ин масъала назди вакилони халқи вилоят, муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш дод.

Мавсуф, аз ҷумла иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар солҳои 2021 – 2025 ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, корҳои зиёдеро анҷом дод. Дар раванди татбиқи ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳалаи дуюм, дар доираи амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021 – 2025 чораҳои муассир андешида шуданд. Иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳаки асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин, дар заминаи саноатикунонии босуръати кишвар вусъат додани шуғли пурмаҳсул ҳамаи захираву имкониятҳо сафарбар шуданд. Дар натиҷа, дар панҷ соли охир нишондиҳандаҳои назаррас дар заминаи таъмини иҷрои вазифаҳои пешбининамудаи Барнома ба даст омаданд.

Дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи оқилонаи неруи барқ дар доираи иҷрои нишондиҳандаҳои Барнома корҳои назаррас ба сомон расида, якчанд лоиҳаҳои хурду бузург татбиқ гардиданд. Бо мақсади таъмини истифодаи оқилонаи энергия лоиҳаи “Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд” оғоз ёфта, шаҳри Хуҷанд пурра ба низоми биллингии ҳисоб ва пардохти маблағи барқи истифодашуда гузаронда шуд. Имрӯзҳо татбиқи лоиҳаи мазкур идома дошта, шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров марҳала ба марҳала ба низоми биллингӣ пайваст гардида истодаанд.

Сатҳи таъминоти аҳолии вилоят бо маҳсулоти ғизоӣ, бахусус маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, бо назардошти меъёри физиологии истеъмолӣ, қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва таъмиру азнавсозии 12000 иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ шуда, то 1-уми декабри соли рафта 12452 иншоот бунёд ва таҷдиду тармим гардид, ки ба 103,8 фоизи нақша баробар аст.

Дар маҷмуъ, ҳадафҳои дар Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021 – 2025 пешбинигардида амалӣ шуданд.

Дар асоси қарори раиси вилоят аз 14-уми апрели соли 2025, №98 лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2026 – 2030” омода ва аз ҷониби комиссияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят баррасӣ шуд. Барнома дар ҳаҷми 14 боб бо фарогирии соҳаҳои бахши воқеӣ, бахши иҷтимоӣ ва инфрасохтор, аз ҷумла таҳлили ҳолати кунунӣ, мушкилоти ҷойдошта ва вазифаҳо барои ҳалли онҳо, тарҳрезӣ гардидааст. Барои татбиқи самтҳои афзалиятноки Барнома дар доираи лоиҳаҳои мушаххаси он то соли 2030 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ равона намудани 29 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барномаи рушди вилоят ҳамаи чорабиниҳои дар вилоят амалишавандаро, ки тавассути буҷети давлатию маҳаллӣ, маблағҳои шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорону сармоягузорон маблағгузорӣ мешаванд, инъикос мекунад.

Ҳалли бомуваффақияти масъалаҳои рушди минбаъда дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2026 – 2030, пеш аз ҳама, бо фаъолияти самараноки низоми идоракунии давлатӣ, ки дар истифодаи якҷояи оқилонаи усулҳои мустақим ва ғайримустақим танзими равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ асос ёфтааст, алоқаманд мебошад.

Ҷовиди АШТӢ, рӯзноманигор