Боздошти дузде, ки манзили истиқоматиро ғорат кард
Кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлобро ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дар шаҳри Душанбе дастгир карданд.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, боздоштшуда 1-уми январи соли 2026 бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии як сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 2-адад телевизион, 1-адад кондитсионер ва 5000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда ба соҳибхона 20 ҳазор сомониро ташкил дода, феълан перомуни ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”