Муштзӯре, ки қонун лаҷомашро хоҳад кашид
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор шудани ҳолати ғоратгарие хабар дод, ки 14-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, нимаи дуюми ҳамон рӯз марди 28-солаи сокини шаҳр дар назди ошхонаи Гулистони шаҳри Кӯлоб ба марди 32-сола дарафтода, тариқи зӯроварӣ телефони мобилиашро тасарруф намудааст.
Айни ҳол аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, маблағи зарар 700 сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”