«ҲАЗОР МАРВОРИД»
Бо истинод ба Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ /ECO/ АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки нашриёти «Орван»-и Теҳрон китоби «Ҳазор марворид»-ро аз чоп баровард.
«Ҳазор марворид» бо ибтикори коршиноси тоҷик дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Шоҳмансури Шоҳмирзо ба нашр расид. Чунин ном гирифтани китоб рамзист, зеро дар он ҳазор зарбулмасал аз даҳ кишвари аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ–Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркия гирд оварда шудааст.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”